Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Солҳои хизмати аскарӣ Маҳкам ҳар супоришро сари вақт иҷро карда, танҳо ташаккуру сипосгузорӣ мешунид ва ин лаҳзаҳо панди падар дар гӯваш садо дода, ӯро ба сӯи орзуҳо ҳидоят мекард...

Маҳкам Ҷӯраев дар тӯли умри дарози худ бисёр талхиву шириниҳо, пастиву баландиҳоро дид. Ва дарк кард, аз таҷрибааш фаҳмид, ки ягона ҳамрозу ҳамнафаси инсон падару модар будааст. Инсон вақте, ки аз пайвандони худ ҷудо мешудааст, мегӯяд Маҳкам – ака, мисли он дарахтест, ки решаҳояш аз замин канда шуда, оқибат аз ҳосил мемонаду баргу пояҳош зарду хазон мегардад.

Падару модар бахту тахт, дороӣ, ганҷи бебаҳои фарзанд дар зиндагист. Волидайн то охири ҳаёт ғамхори фарзанд аст. Онҳо худ намепӯшанд, боигарӣ ҷамъ надоранд, балки дар ҳаёт ба хотири фарзанд умр ба сар бурда, як замон ин дунёи пуршӯрро бо ғаму дарди фарзанд падруд мегӯянд. Ҳар гоҳе, ки модараш раҳматӣ Турсунбибӣ (ҷояш ҷаннат бошад) ба хотираш меояд, боз хотираҳои бачагӣ зинда мегарданд. Дар дами пирӣ хумори кӯдакӣ мегирад Маҳкамро ва ӯ бо ёду

хотираи модари муштипараш роҳи боғоту ҷангалро пеш мегирад. Дар ин водии дилрабо назди ниҳолоне, ки худаш ба ёду номи модараш шинондааст, меояд. Мебинад, ки дастниҳолаш шукуфтааст, сабз шудааст. Ин дам шеъри Лоиқ

пешина
аз 82
навбатӣ