Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ноороми модарашро лаҳза ба лаҳза ба хотир овард. Ӯ назди бузургӣ, заҳмату ранҷи модар сари таъзим фуруд меорад.

Зеро модари ягонааш Турсунбибӣ баракату файз ва бузургиаш пушту паноҳи фарзандон буд. Модар ҳамеша аз паи ободии рӯзгор, бахти ҷигаргӯшаҳояш буд. Ҳоло Маҳкам ташвишҳои модарро ба забон оварда ҳайрон мешавад, ба шигифт меояд, ки модари муштипараш дар он қалби кӯчаку дардошнои худ чӣ қадар маънӣ, фалсафаи ҳаётро ғунҷондааст...

Дар рӯзи тӯяш, деҳаи азизаш Қум зеби дигар дошт. Дар деҳаи кӯҳистон аллакай ҳамаи хешу табор, ҳамсояҳо огоҳӣ доштанд, ки ин бегоҳӣ писари Турсунбибӣ Маҳкам хонадор мешавад.

Мегуфтанд, ки Турсунбибӣ зани порсои хушфеъл аст ва келини ёфтааш низ духтари зебои деҳа ба шумор меравад. Панҷ панҷааш ҳунар. Дар ҳақиқат Рӯзимоҳ духтари кордону покизарӯзгор буду ҳунари кашидадӯзӣ, пухтупазро дӯст медошт. Рӯзи тӯй модар, падар, хешону наздикон рақсу бозӣ карда ба Маҳкаму Рӯзимоҳ бахти сафед орзу карданд.

Ҳангоме, ки модари меҳрубонаш Турсунбибӣ даст ба дуо бардошта аз Худои мутаъол бароишон зиндагӣ, ҳаёти осуда орзу кард, Маҳкам бори дигар ба мӯйи сафеду ожангҳои рухсори модар зеҳн монд. Фаҳмид, ки албатта дуои модари бузургаш

пешина
аз 82
навбатӣ