Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
раҳнамунаш мешавад ва хаёле то ҳанӯз дар зиндагии ноором дуои модар пуштибону муҳофизатгари Маҳкам мебошад...
Хоҷагии ҷангал бемуҳобот хонаи дуюмаш гаштааст. Ӯро рӯзҳои истироҳат низ дар миёни анбӯҳи ҷангалу дарахтзорон вохӯрдан мумкин аст. Ба ниҳолҳои шинондааш писта, санавбар, санҷид, қарағоч, арча, ки аллакай хеле хуб нашъунамо ёфтаанд, пайваста нигоҳубин карда ба эҳёи боғи чормағзу себ, анору шафтолу ҳам диққат додааст.
Акаи Маҳкам донандаи хуби вазъи экологӣ, набзи замину боғдорӣ аст. Дар таҷрибаи чиҳилсолаи кораш ба хулосае омадааст, ки замин дари ганҷашро танҳо ба рӯи инсони кордону дилсӯз мекушояд ва дар ин роҳ меҳнати ҳалолу пок метавонад шахсро соҳибэҳтиром намояд. Дар ин гуна соатҳо вай беихтиёр мисраҳои шоири дӯстдоштааш Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро ба хотир оварда, онро зери лаб такрор месозад:
Эй ки пурсӣ беҳтарин кас кист?
Гӯям аз қавли беҳтарини касон,
Беҳтарин кас касе бувад, ки зи халқ
Беш бошад ба халқ нафърасон.
Акаи Маҳкам ҳамин, ки ба қитъаи охири хоҷагии ҷангал расид, ба баландие баромада дам мегирад. Чанд соат танҳо нишаста, ба поён,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё