Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
Падару писар гулгашту боғотро хеле давр заданд ва роҳравон бо завқ суҳбат карданд. Ҳангоме ки Акрамбой бо падар хайрухуш карда, роҳи қитъаи болоиро пеш гирифт, акаи Маҳкам шоду мамнун гашт. Аз тақдираш розӣ шуд, шукр кард, ки Худо барои ӯ чунин фарзанди дилбанд ато кардааст. Дар ҳақиқат Маҳкам Ҷӯраев падари саодатманду хуштолеъ буда, соҳиби фарзандони баору номус мебошад.
Акрамбой бо пайроҳаи падар рафта, баъди хатми шуъбаи ҷангали политехникум ҳоло мудирияи қитъаи Қамчини хоҷагии ҷангал ва боғи маданиву истироҳатии «Ғалаба»-ро ба уҳда дорад.
Амрулло донишҷӯи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, Лутфулло хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Ӯктамбой — ҳисобчӣ шуда кор мекунад.
Ҳамин ки ӯ паҳлӯи фарзандон, набераҳо нишаст, беихтиёр симои модари мушфиқаш Турсунбибӣ пеши назараш пайдо мешавад. Хаёле аз ким-куҷое нигоҳи модарашро пайхас месозад.
Модари муштипар акнун аз рӯзгору зиндагии Маҳкам хотирҷамъ аст. Ӯ дигар ташвишу ғам надорад, зеро фарзандаш марди баркамол, соҳиби обрӯй ҳасту хонаи обод дорад. Маҳкам боз хотираҳояшро варақгардон карда зиндагӣ, ҳаёти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё