Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

илова кард:

  • Писарам, дар участкаи Қамчин ниҳолҳо хуб сабзидаанд, ё ...

  • Ҳа, падар, ниҳолҳои як моҳ пеш шинондаатон чунон зебо, хушрӯй шудаанд, ки ҳаваси кас меояд. Акнун қад – қади ҷангалро ниҳолҳои ҷавон, ки мисли афсарон қатор – қатор саф кашидаанд зебу зиннат мебахшанд.

Маҳкам ба суханони писараш гӯш дода ҳамзамон нигоҳашро аз атроф намеканд. Гирду гӯшаро назора карду ба чашми худаш дид, ки участкаи писараш ободу хуррам гаштааст. Қандаша занад, ҳалолаш бод, аз хаёл гузаронд падар.

  • Писарам, оё дар қитъаи ба ту вобаста шуда ҳодисаҳои дарахтбурӣ нест, гуфт Маҳкам нохост.

  • Вақтҳои охир ёфт мешаванд баъзе ашхосе, ки дидаву дониста дастиниҳолони маро бурида барои аловӣ деҳа мекашонанд. Аммо илоҷи ин корро ҳам ёфтем, хурсандона нидо кард Акрамбой.

  • Чӣ хел, – тааҷҷубомез китф дарҳам кашид акаи Маҳкам.

  • Ҳайрон нашавед, падарҷон, дунё бе одамони хайрхоҳ нест. Ана бин худи мӯйсафедони деҳаи канори дарахтзор ба ҳашар баромада аввал атрофро тозаю озода карданд, баъд хасу хошокро кашонда ваъда доданд, ки минбаъд худи аҳли деҳа ба зидди дарахтбурон мубориза хоҳанд бурд...

пешина
аз 82
навбатӣ