Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
-
Бахайр, бахайр, - посух дод усто Миршукур бо ҳайрат.
-
Дар Сарбанди дарёи Вахш истансаи электрӣ месохтаанд, ба ҳамон ҷо коргарони ҷавонро даъват кардаанд, мана дар ин қоғаз навиштагӣ.
-
Ин хабари хушро ман ҳам шунидам, - гуфт бо хурсандии усто Миршукур, - дирӯз дар ҳавлии раиси колхозамон манҷа месохтам, ки дар ҳамин бора суҳбат шуд.
Баъзеҳо гуфтанд, ки минбаъд ҳар навъи ғалладонаро бо қувваи электрикӣ мекуфтаанд. Ман ин хабарро шунида, хеле мамнун шудам, хайрият, ки мо, устоҳои осиёб аз азоби алим халос мешудаем. -
Магар нони даҳонатон кам намешавад, устобобо? - пурсид ҳисобдони колхоз.
-
Э, укоҷон, ғами маро нахӯр, даҳ панҷаи ману фарзандонам, аз ҳунар пур, - ҷавоб додам ба ӯ.
-
Дуруст мегӯед, устобобо, - гапамро қувват дод раис, - шумо манҷа сохта гардед, шуд, ҳамин ҳунаратон ризқу рӯзии хонадони шуморо бемалол таъмин мекунад.
Ҳамин тавр ман аз сохтмони Сарбанд хабардор шудам, албатта, ин хушбахтии халқ аст. Ва нишонаи он ки давлати мо қудратманд шудааст. Бисёр хуб аст, ки чунин сохтмонҳоро оғоз мебахшад, ҳаёти мо пеш меравад. Писарам, агар ту азму ҷазм карда, ба сохтмони Сарбанд рафтанӣ бошӣ, ман бо эътимод ва дили пур фотеҳа медиҳам.
Чунки ба ту тамоми ҳунарҳои худро ёд додаам. Ту сангкорию сангтароширо медонӣ, похсаю гилкорӣ аз дастат меояд ва боз дигар корҳои нағзро иҷро карда метавонӣ. Иншоаллоҳу таоло, боварӣ дорам, ки баъд аз фотеҳаи ман кулли кору амалат бо фатҳу кушоиш пеш меравад! Лекин як хоҳишам ҳамин ки қадамро аз даргоҳи ман канда накунӣ!
- Устобобо, қадами ман аз даргоҳи шумо ҳаргиз канда нахоҳад шуд. Хонаи шумо ягона даргоҳи умеди ман буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё