Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

номвари нерӯгоҳҳои Сарбанду Норак, сардори бригадаи машҳури бетонрезон Камол Ҳамсариев буд.

Мо ҳамкори худ, Муҳиддин Олимпурро бо ин бозёфт самимона муборакбод мегуфтем. Барои рӯзноманигорон ҳар як акси шахсияти арзанда, очерку мақола ва шеъри ҳассону муассир бозёфт ҳисоб мешуд ва мо инро ҳатман табрик менамудем. Муҳиддин ин аксро дар ҷаласаи супурдани мукофот гирифта будааст. Пас аз анҷоми ҷаласа қаҳрамони заҳмат Камол Ҳамсариев дарҳол ба маҳали кор раҳсипор гардидааст.

  • Агар андаке дер кунам, семент шах мешавад, - гуфтааст Камол-ақо, - семент, ки шах шуд, ба харсанг табдил меёбад, сони онро тарқондан даркор ва бо ҳамин ташвишамон мешавад бисёр, - шӯхиомез илова намудааст саркор.

Ин фидокорӣ ва ҷоннисории марди покниҳод ва таҳамтани тоҷик Камол Ҳамсариевро бинед, ки дар рӯзи таърихии бо нишони Ленин мукофотонида шуданаш ҳам аз пайи тафреҳ ва истироҳат нарафта, дар ғами он гаштааст, ки семент шах нашавад, вагарна заҳмати чандвақта ботил мегардад. Ба ҳамин васила Камол Ҳамсариев аз пайи семент шитобида, ба назди ҳамкорони худ омадааст, ки чӣ тавр хобонида шудани сементро бо чашмони худ бубинад. Саркор ба садоқати ҳамкорону ҳамсангарони худ куллан эътимод дошт ва нағз медонист, ки онон дар набудани ӯ ҳам корро бо сифати аъло анҷом медиҳанд, лекин эҳсоси масъулияти роҳбар будан Камол Ҳамсариевро ягон лаҳза тарк наменамуд. Ба ин лиҳоз ӯ аз маҳфили сур ба минтақаи сементи шӯр роҳӣ гардидааст, то ҳидоятгар ва имдодрасони ҷабҳаи кор бошад.

Ва ҳампешаи мо низ аз он маҳфил ба дукони худ омада аксҳоро таҳия кардааст.

Рӯзи дигар дар саҳифаи аввали рӯзнома сурати Камол Ҳамсариев, ки нишони Ленин дар сари синааш насб шуда

пешина
аз 216
навбатӣ