Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Турини кишвари Италия бирасонанд. Мустаҳкамию бадоштии ин сурҳсанг собит шуда бошад ҳам, фақат пас аз таҳлили илмию фаннии озмоишгоҳ баҳои ҳақиқии он ба таври таҳрирӣ дода мешавад.
Вақте ки профессор Барло дар бораи буридану бурдани лӯламағзҳои алевролит ину он гӯён дастур медод, Ҳайрулло Сафарзода оромона гуфт:
- Ҷаноби профессор, агар аз рӯи инсоф гӯем, лӯламағзи алевролитро аз ин ҷо ба озмоишгоҳи Италия бурдан кори чандон саҳеҳ нест. Ба чӣ хотир? Масалан, мо лӯламағзҳоро бо тамоми қоидаю нозукиҳояш мегирему дар қуттиҳо ҷой карда, ба майдони ҳавоии Душанбе мебарем. Албатта, мо номаи хосае менависем бо муҳру имзо ва аз тарафи гумруки Тоҷикистон ғараз гирифта намешавад. Пас ин қуттиҳои лӯламағзҳо мераванд ба Туркия ва аз он ҷо ба Италия. Дар он мулку макон кӣ кафолат дода метавонад, ки ин қуттиҳоро намекушоянд?
Бинобар ин Ҳайрулло Амиралӣ дар мубоҳисаҳои дар Италия баргузоршуда гуфтааст, ки марҳамат намояндаатон ба Тоҷикистон биёянд, мо дар ҳузури худашон лӯламағзи алевролитро мегирему ба чӣ тартибе, ки хоҳанд, дар қуттӣ ҷой мекунем ва маблағи то ин ҷо оварданро ҳам медиҳем, лекин масъулияти то озмоишгоҳи Италия бидуни зарар ва шикасту рехт интиқол доданро ба уҳдаи худ бигиранд.
Мутаассифона, ин пешниҳод ҳам қабул нагардид ва масъала ба ҳамин тартиб матраҳ шуд, ки бояд тарафи Тоҷикистон лӯламағзҳои маводи алевролитро то ба озмоишгоҳи Италия бирасонад. Азбаски бародарони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сифати муҳандисину мутахассисин дар неругоҳи Роғун саҳм гузоштан доранд, роҳбарияти сохтмон аз ин ҳамкешон хоҳиш намуд, ки лӯламағз аз тариқи Эрон ба Италия ирсол гардад, зеро аз Эрон хати парвоз мустақиман ба ин кишвар фаъол будааст. Ва ҳам як қисми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё