Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
- Ҳамин баҳор се бисту панҷ соли пур шуд, - ҷавоб додааст осиёбон, - ва ҳаждаҳум пушти осиёбонҳо ҳастам, пеш аз ман ҳабдаҳ пушт падару бобоёнам дар ин пирхона хизмат ба ҷо оварда, мушкили халқа осон кардаанд. Бобокалони маро усто Пирмуҳаммади санги осиёбтарош меномиданд. Ин осиёбро ҳамон кас сохтаанд, албатта, бо мадади аҳли деҳ. Бобокалонам усто Пирмуҳаммад аз санги сурх, ки чӣ сифат доштанашро фақат худашон медонистанд, чор дона санги осиёб тарошида буданд, ин санги сеюмашон, - ба санги даврзан бо ангушт ишора кардааст осиёбон, - шукр, ки се бисту панҷ сол боз чарх мезанад. Санги ҷоруми пирам ҳоло истифодаю корхӯрда нашудааст, - суҳбатро ба анҷом расонидааст осиёбони камғапи гаронгӯш сасили пургалларо ба дӯл холӣ карда.
Маълум нест, ки тарҷумони сайёҳи хориҷӣ суханони осиёбони солхӯрдаро саҳеҳ баргардонида бошад ё хайр? Ҳароина марди хориҷӣ ба қавӣ, мустаҳкам, бадошт, дарозумр ва тӯлонӣ будани хадамоти сурхсанги сарзамини тоҷикон итминон пайдо менамояд.
Санги алевролити деворҳои толори мошинҳо аз ҳолати табиии худ боз ҳам мустаҳкамтару қавитар гардидааст. Бо кадом сабаб чунин ҳолат рух додааст? Ин мустаҳкамӣ ва қавию бадошт шудани сурхсанги толори мошинҳо бо он ваҷҳ аст, ки дастони бинокорони тоҷик онро борҳо бо сихҳои раҳдори оҳанмехҳо дӯхта, бо бетону семент ҷомаи ҷовидони муқовиматпазирӣ пӯшонидаанд.
Коршиносон ва мушовирони байналхалқӣ бар он ақидаанд ва талаб доранд, ки намунаҳои алевролити толори мошинҳоро ба шакли лӯламағз аз умқи девор бурида гирифта, дар ҳамон дохили толор эҳтиёткорона дар қуттӣ ҷой кунанду бо ҳамин дар ҳеҷ куҷо накушода (то анфоси шамол таъсири манфӣ нарасонад) ба озмоишгоҳи шаҳри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё