Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан

табдил меёфт. Не, аз он алевролити барои намуна гирифташуда, ягон порае ҷудо нагардида буд, балки дар ҳамон ҳолати сахтию мустаҳкамӣ қарор дошт. Меҳмонон аз ин намунаҳои алевролит қаноатманд шуданд, вале боз ҳам хоҳиш намуданд, ки дар пеши назарашон онҳо бори дигар аз алевролит намуна гирифта, бароишон нишон диҳанд. Бинокорони Роғун ҳамин тавр ҳам карданд, дар пеши назари меҳмонон лӯламағзи тақрибан чиҳил сантиметраи алевролитро парма карда канданд.

Коршиноси Бонки Умумиҷаҳонӣ, профессор Пол Маринос ин лӯламағзи барои намуна гирифтаро муоинаю мушоҳида намуда, изҳори дошт, ки он аз лиҳози сифат дорои дараҷаи олӣ ва ниҳоят мустаҳкамии алевролит аст. Ва аз ҳама муқаввию тобовар буда, муҳити бисёр вазнин даркор аст, ки он вайрон бишавад.

Бале, ақидаи шахси хеле масъули арсаи байналмилалӣ дар бораи санги алевролити кӯҳҳои Тоҷикистон, ки дар деворҳои толори мошинҳои неругоҳи барқи обии Роғун мавҷуданд, чунин мебошад: яъне алевролит аз лиҳози сифат ба дараҷаи олӣ ва аз нигоҳи бадоштиву муқаввӣ будан ниҳоят мустаҳкам аст! Сангҳои кӯҳистони Тоҷикистон миллионҳо сол боз ба ҳамин минвол қавию мустаҳкам буданд ва иншоаллоҳ боз миллионҳо сол, балки то ҷовидон чунин устувору мустаҳкаму қавию осмонҳарош хоҳанд буд! Бад-ин ваҷҳ бесабаб нест, ки устоҳои санги осиёбтароши тоҷик аз ҳамин навъи сурхсанг санги осиёб метарошанд ва оби неруманди Вахшрӯд бо тарнов сарозер омада, ин сангро тоб медиҳад ва ҳамин як санг ба тӯлиёни саду дусад сол чарх зада, ғаллаи мардумро ба орди сергизо, покиза ва шифобахш бадал менамояд...

Ривоят оваранд, ки сайёҳи хориҷие дар яке аз рустоҳои кӯҳистони тоҷик бо осиёбони куҳансоле мулоқот намуда, пурсон шудааст, ки чанд сол боз бо ин пеша шуғл меварзад?

пешина
аз 216
навбатӣ