Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

мавод пешниҳод мекунем, шумо муҳосиботи хешро таҷдидан муоина намоед...

Ва ба муносибати омадани эшон ман мавод омода кардам: «Маводи ахбор барои мулоқоти корӣ бо коршиноси Бонки Умумиҷаҳонӣ, профессор Пол Маринос ва мушовири консортсиуми «Коен эт Беллие», профессор Барло Ҷованни.»

Аввал онҳо ният надоштанд, ки ба ин ҷо биёянд. Вақте ки дар мулоқот роҳбари ҳайат Хайрулло Сафарзода ба онҳо итминон дод, ки маводро омода месозему мефиристем ва ин ҳама нақша ва рақамҳо ҳастанд, сипас онон мувофиқа карданд, ки сафари Тоҷикистонро пеш бигиранд.
Хуб мебуд, ки онҳо нуқтаҳои ба назарашон гӯё беэътимодро бо чашми сар бубинанд, гумон набаранд, ки мо ягон маълумоти бардурӯғ медиҳем. Боиси тазаккур аст, ки дар тамоми фаъолияту ҳамкориҳо бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ва муомилаю радду бадали ҳадафу ақоид мо комилан маводи ҳақиқӣ пешниҳод намудаем. Ба хотири чӣ? Имрӯз Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтаанд, ки бигзор ҷомеаи ҷаҳон огоҳ бошад, ки мо дар сохтмони неругоҳ чӣ кор мекунем ва фаъолиятамон то чӣ дараҷа шаффофу саҳеҳ аст. Мо дар ҳақиқат бо дили соф тамоми маводро пешниҳод менамоем.

Ба ҳамин минвол меҳмонон аз Италия, намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ омаданӣ шуданд. Ва бо супориши Хайрулло Сафарзода ҳанӯз зимистони соли 2013, яъне таҳминан моҳҳои декабр-январ аз алевролити деворҳои толори мошинҳо якчанд намуна лӯламагзро эҳтиёткорона гирифта, дар қуттиҳо ҷойгир намуда буданд. Меҳмонон ҷоруруми апрели соли 2014 ба Роғун омаданд.

Онҳо алевролити даруни қуттиҳо дида, фикру ақидаашон дар хусуси он тамоман дигар шуд. Агар алевролити бадсифат мебуд, бо таъсири ҳаво то имрӯз ба хоки реза

пешина
аз 216
навбатӣ