Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан

лӯламагзҳо дар озмоишгоҳҳои бародарони эронӣ таҳлил бишаванд.

Хушбахтона, дӯстони эронӣ ин маслиҳатро қабул намуданд ва гуфтанд, ки мо лӯламагзро бо меъёри аврупоӣ интиқол медиҳем ва озмоишгоҳҳои эронӣ ҳам бештар бо мизону меъёрҳои аврупоӣ фаъолият доранд.


Аз замонҳои қадим маълуми оламиён аст, ки сурхсанги кӯҳсори Тоҷикистон мустаҳкамтарин ва қавитарин будааст. Шаҳсутунҳои қасрҳои салотину шаҳаншоҳони ҷаҳон аз ҳамин сурхсанг сохта шудаанд. Пойдевори қалъаҳои Куруши Кабир, Анушервони Одил, Қайкубоди Каёнӣ..... ва парвозгоҳи киштиҳои кайҳонии шӯравӣ – Байконур ҳама аз сурхсангҳои диёри тоҷикон бунёд гардидаанд.

Коршиноси Бонки Умумиҷаҳонӣ, профессори муътабар Пол Маринос ва ҳамсафону ҳамнавъони ӯ сурхсанги толори мошинҳои неругоҳи Роғунро пас аз муоинаю мушоҳидаи амиқ аз лиҳози сифат дорои дараҷаи олӣ ва ниҳоят мустаҳкам номиданд.


  • Ҳаштуми январи соли 2012 Хайрулло Амиралӣ Сафарзода бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори генералии ҶСК «НБО Роғун» таъйин гардидааст.

  • Бисёр хурсандам, ки маҳз ҳамин шахс ба чунин вазифаи пурмасъулият муваззаф шуд, - мегӯяд Директори техникии ҷамъият Маҳмадсаид Шамсуллоҳзода. - Аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ман ӯро ҳамчун роҳбари қолабшикан шинохтам. Дар ҷаласаи нахустине, ки бо сардорони раёсатҳо доир намуд, чунин изҳори ақида кард: байни шумоён дар фаъолияти хизматӣ набояд чизе махфӣ

пешина
аз 216
навбатӣ