Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

Гурез Пиров (ҳоло мудири озмоишгоҳ) занг зада, дар бораи гулмехҳо маълумотро боз ҳам дақиқтар намояд. Вале он лаҳза ба хаёлаш ҳам нарасида буд, ки дар Италия соат нуҳи субҳ асту дар Роғун бошад, дувоздаҳи шаб. Ҳам Анвар Мирзоевич ва ҳам Гурез Отамуродович дар ҳамон нимашабон далеили мавриди заруриро пайдо карда, ба Маҳмадсаид Шамсуллоҳзода иттилоъ доданд. Мавсуф ин рақамҳоро дар ёд дошт ва нағз воқиф буд, ки дар деворҳои толори мошинҳо ва нақбҳои обпарто гулмехҳои ПНА (оҳанмехҳои аввали ташдид) кӯбида шудаанду гулмехҳои АЖГ (оҳанмехҳо барои сангу бетон) насб гардидаанд. Ба ҳар ҳол, бо нияти тасдиқи саҳеҳияти маълумот дар он лаҳзаҳо ба Роғуни азизи дилаш занг зада буд.

Намояндагони Роғун маълумоти саҳеҳ ва мувассақ гӯянд ҳам, баҳсҳо, радду бадалҳои ақоиду фикрҳо бо ҷӯшу хурӯш ҳамвора ба гӯш мерасиданд.

Ҳар як рӯзи мулоқот бо намояндагони ширкати «Электроконсалт» бо чунин талошҳо поён меёфт.

«Турфа коре, - меандешид Хайрулло Сафарзода, - коршиносони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар хусуси одитарин чизҳо ин қадар баҳсу талош ва ин қадар кашокаш доранд. Ба нақбкани одӣ ҳам маълум аст, ки чун дар дили кӯҳ нақб бисозӣ ва барои он, ки нақб, яъне худи бетон бо ҷинси кӯҳӣ ҳамоҳангии якҷоя дошта бошад, бо ҳамон мақсад ба умқи шаш метр гулмех мезананд ва як қисми гулмех дар берун мемонад. Маълум аст, ки гулмех печ дорад, яъне рахдор аст ва ҳини бетонпӯшӣ бо воситаи оҳанмехҳо бетон ҳам мустаҳкам мечаспад. Вобаста ба ҷинси кӯҳӣ гулмех дар берун як метр ё ҳаштод сантиметр мемонад. Сипас бетонпӯш мешавад ва ба ҳамин васила нақб дар мағзи кӯҳ мустаҳкам мегардад...»

Тибқи лоиҳа дар чордевори толори мошинҳо бояд як ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ адад оҳанмехҳо насб шаванд, ки аз инҳо як ҳазору чорсаду бист ададаш иҷро шудааст.

пешина
аз 216
навбатӣ