Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Албатта, корҳои боқимонда ҳам ба иҷро хоҳанд расид. Ин оҳанмехҳои бисту ду метрае, ки ба деворҳои толори мошинҳо насб кардаем, як донааш яксаду ҳаштод тонна бор бардошта метавонад. Ин корҳо кулан барои мустаҳкам кардани деворҳо анҷом мепазиранд. Мо ин қадар корҳои тақвиятбахширо анҷом додем, боз коршиносон мегӯянд, ки деворҳо сустанд. Ин гуфтаҳояшон ба як зарбулмасали халқамон мувофиқ меояд: «Мо аз осиёб омадаему инҳо мегӯянд: дӯл холӣ!». Инчунин «шунидан кай бувад монанди дидан», гуфтаанд бузургон, андешаҳояшро ҷамъбаст намуд Хайрулло Сафарзода. Ду-се нафари коршиносонро бояд бевосита ба Роғун даъват намоем, то ҳолати нақбҳо, теъдоди гулмехҳо ва ҳар як минтақаю ҳар як иншооти неругоҳи Роғунро бо чашмони сарашон бубинанд ва бо амри дилашон хулоса бароранд.

Роҳбари гурӯҳ дар ин бобат бо ҳайати ҳамсафарон маслиҳат намуд, онҳо ин пешниҳоди эшонро писандиданд.

Рӯзи дигар баҳс дар атрофи толори мошинҳо хеле гарму тӯлонӣ сипарӣ шуд. Коршиносон иддао доштанд, ки гӯё дар толори мошинҳо давом додани корҳои барқароркунӣ ғайриимкон бошад. Зеро дар деворҳои толори мошинҳо ҷинси кӯҳии алевролит фаровон аст. Алевролит чунин навъи санг аст, ки дар ҳолати табиӣ бисёр сахт мебошад, яъне ҷинси хеле сахти коршоям аст. Аммо чун онро берун барореду бо усули коркард ба ягон чиз истифода баред, аз таъсири шамол ва об зуд ба бодхӯрдашавӣ мувоҷеҳ мегардад ва судаю фарсуда мешавад. Ана ҳамин хел табиате дорад ин алевролит.

  • Устоҳои сангиосиёбтароши Тоҷикистон, - ба ин эроди коршиносон посух гуфт сардори сарраёсати геологияи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, - дар замонҳои қадим аз навъҳои махсуси хорасанги сурхранг санги осиё метарошиданд ва ин санги тарошидаи онҳо дар осиёбҳо тоб хӯрда, як аср
пешина
аз 216
навбатӣ