Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ин ҷавлонгоҳи сарнавиштсози Ватанамон Хайрулло Сафарзода дар бораи таърих ва ҷараёни эъмор гардидани садди сойи Оби Шӯр ба Сардори давлат маълумоти муфассал баён намуд. Президенти мамлакат ин маълумотро бо диққат гӯш карда, ба зиммаи Хайрулло Сафарзода вазифа гузоштанд, ки садди мустаҳками сойи Оби Шӯр ҳатман мувофиқи нақшааш бояд бунёд гардад. Мо фақат баъди баргардондани шасти ин сойи хатарнок муҳокимаи масъалаи тағйир додани маҷрои рӯди Вахш ва сохтмони сарбанди мустаҳкаму муҳташамро баррасӣ менамоем. Эъмори садди сойи Оби Шӯр бояд яке аз минтақаҳои муҳими корҳои барқароркунии Неругоҳи Роғун бошад. Аз нуқтаи назари муҳандисӣ ин сад бояд мувофиқи талаботи замон бунёд гардад!

Хайрулло Сафарзода супориши Роҳбари давлатро бо тамоми ҷисму ҷони худ қабул карда, аз пайи иҷрои он ҷаҳду талош намуд.

  • Шӯрои техникии Дирексияи генералии ҶСК «НБО Роғун» яке аз пайи дигар чор лоиҳаи сохтмони садди сойи Оби Шӯрро муҳокима намудааст, - мегӯяд Хайрулло Сафарзода. - Дар ин бобат дастури Сарвари давлатро доир ба мустаҳкамии иншооти мазкур меъёру маҳаки асосии фаъолияти худ қарор додаем. Нусхаи собиқаи нақшаи сохтмони садди ин сой мавҷуд буд, нусхае, ки дар замони шӯравӣ таҳия гардидааст. Мо онро дар шӯрои техникӣ ҳамаҷониба муҳокима намуда, ба иллати ҷой доштани як силсила нуқсонҳо рад кардем. Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҷумҳуриамон «Нурофар» ҳам лоиҳаи сохтмони ин садро ба чор миллион метри мукааб бетонрезӣ намудан пешниҳод кард, ки он низ аз тарафи шӯрои техникӣ рад гардид. Боз як лоиҳа дар ин бобат пас аз муҳокима пазируфта нашуд. Ниҳоят, лоиҳаи чорум, ки онро Пажӯҳишгоҳи «Гидропроект»-и шаҳри Москваи кишвари Русия пешниҳод намуд, писанди ҳамаи аъзои шӯрои
пешина
аз 216
навбатӣ