Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
техникӣ шуд. Лоиҳаи «Гидропроект» иншооти мукаммал ва мустаҳкамро нишон дода, мақбули муҳандисони мо гардид. Мувофиқи ин лоиҳа сохтмони садди мазкур, агар ба забони техникӣ зикр намоем, дар шакли «бараж» пешниҳод шудааст. Аслан онро «бараж» гуфта ҳам наметавонем, зеро ин садду иншооти аз лиҳози муҳандисӣ хеле ҷиддӣ, муҳташам ва устувору қавӣ хоҳад гашт. Барои то ба сатҳи лоиҳавӣ расондани ин сад ба миқдори яксаду бист ҳазор метри мукааб бетонпӯшӣ намудани он зарур аст. Сохтмони садди сойи Оби Шӯр таҳти роҳбарии муҳандисину мутахассисини муассисаи «ЧиркейГЭСстрой»-и Ҷумҳурии Доғистони кишвари Русия оғоз ёфта, дар он асосан муҳандисину коргарони маҳаллӣ хизмат менамоянд. Сипас роҳбарии сохтмони ин сад комилан дар ихтиёри муҳандисини ҷумҳуриамон қарор гирифт. Сардори минтақаи сохтмони садди сойи Оби Шӯр муҳандис Намоз Куганов дастпарвари Донишгоҳи техникии Душанбе мебошад. Таҷрибаи кофии кор дар сохтмонҳои муҳими кишварро дорад. Дар бунёди роҳи оҳани Бохтар — Кӯлоб ва Неругоҳи барқи обии Сангтӯда — 1 ба сифати муҳандис кор кардааст.
— Мо сохтмони садди сойи Оби Шӯрро дар миёни ду кӯҳ ибтидо намудем, — ҳикоя мекунад Намоз, — бале, кӯҳи Кундизамон аз тарафи чап ва кӯҳи Миррог аз тарафи рост ба соҳилҳои сой часпида, такягоҳи садди мо мешаванд. Ҳар лаҳза аз қуллаҳои ин кӯҳҳо сангҳо ғелида, хавфу хатари абгор намудани ҳамкорони моро доштанд. Мо симтӯрҳо сохта, пеши роҳи инро гирифтем. Қабл аз ҳама бо ҳиммати ҳамдигар дар маҳалли сохтмон роҳи нақлиёт бунёд намудем ва баъдан сохтмон бо суръати дилҳоҳ ҷараён ёфт. Дар оғози кор фақат як адад крани дувоздаҳтоннагӣ доштем, ки қудрати он ба амалиёти бештари фаъолиятамон кифоя намекард. Хушбахтона, сипас соҳиби крани бисту панҷтоннагӣ шудем, ки ба даври сиву панҷ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё