Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

воқеа рӯй дода буд. Дар сойи Оби Шӯр сангҳои чил-тоннагию панҷоҳтоннагӣ мисли тӯб шино карда меоянд. Раҳораҳ оби сой зиёд шудан мегирад, оби шарраи Ҷуруҷ, оби Шикоргоҳ, оби Паси Намак ҳамроҳ мешаванд. Дараи Хушхарф панҷ деҳа дорад, ки Ҷуруҷ, Хонаи Хол, Хушхарф, Говгел, Хонаи Талбак мегӯянд ин деҳаҳоро. Ин рустоҳо матрук шудаанд, дар онҳо алҳол одамон зиндагӣ намекунанд. Аз он мулку макон, ки одамон раванд, ба он ҷо тибқи ривоят гурку хирс ва мор меоянд ва афзоиш меёбанд. Обҳои дараи Хушхарф бо оби панҷ деҳааш ҳамагӣ ба сойи Оби Шӯр ҳамроҳ мешаванд. Баъзеҳо мегӯянд, ки обҳои ҳафтоду панҷ чашмаю ҷӯю дарӯчаҳо ба сойи Оби Шӯр ҷамъ меоянд, иддаи дигар ин манбаъҳои сойи Оби Шӯрро як саду наваду ҳафт ҳисоб кардаанд.

Ана, ҳамин хел, ман ин гапҳоро дар бораи сойи Оби Шӯр ба геологҳо ҳам ҳикоя кардаам. Онҳо суханони маро дар дафтарашон навиштанд.

Баъд бо хоҳиши онҳо ман асбобу анҷомашонро ба маркабам бор карда, то ба соҳили сойи Оби Шӯр бурдам. Онҳо сохтани дарвозаҳоро тақрибан як километр баландтар аз ҷои садди ҳозираи сойи Оби Шӯр ба нақша гирифтанд. Дар дафтарашон бисёр чизҳо навишта, дар соҳилҳои росту чапи сой мехҳои оҳанини нишонадор кӯфтанд. Онҳо такроран аз ман савол карданд, ки ҳар дафъа пеш аз селоб ба воситаи сой ҳатман бӯи гиёҳи ров паҳн мешавад? Бале, ҳатман бӯи ров паҳн мешавад ва пас аз ин бист дақиқа ё ним соат мегузараду селоб бо суръати баланд меояд, такроран ҷавоб додам ман. Инро бори аввал аз падари раҳматиям шунидааму худам ба наздикии сой рафта, ин бӯйро ҳис кардаам ва селоби харобкорро дидаам. Ва дар навбати худ ба писаронам ҳамин хислати сойро гуфтаам. Ҳар як марди дар деҳоти гирду атрофи сой будубош дошта, инро бояд ба фарзандон бигӯяд, то онҳо ҳушёр бошанд ва Худо нигоҳ дораду беҳуда талаф нашаванд.

пешина
аз 216
навбатӣ