Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
ҳамчун роҳбалад ба геологҳо ёрӣ расонда, шаст сӯм маош мегирифтааст, барои маркабаш, ки бори геологҳоро мекашидааст, моҳе чиҳил сӯми роҷулнакд медодаанд.
- Соли як ҳазору нӯҳсаду ҳаштод аз шаҳри Ленинград геологҳо омада, дар хонаи ман меҳмон шуданд, - ҳикоят мекунад амаки Аваз ба Хайрулло Сафарзода пиёлаи чойро дароз карда. - Мақсади онҳо дар сойи Оби Шӯр сохтани се дарвоза, яъне иншооти муҳофизатӣ буд. Геологҳо дар бораи хислату табиати ин сой аз ман бисёр чизҳоро пурсиданд. Онҳо бо сохтмони ҳамин дарвозаҳо шасти аҳримании сойи Оби Шӯрро нигоҳ доштанӣ буданд.
Ман ба онҳо гуфтам, ки тақрибан бист дақиқа ё ним соат пештар аз фурӯ рехтани сероб аз сойи Оби Шӯр бӯи гиёҳи ров паҳн мешавад, баъд сероб сангҳоро ғелонда меояду қиёмате барпо мегардад. Ҳамин ҳолат доимо бидуни тағйир айнан такрор меёбад, аввал бӯи ров ба дара паҳн мешавад ва сонӣ селоби хунмаст девонавор ҷорӣ гардида, харсангҳои гаронро меорад. Геологҳо ҳамаи гапҳои маро бо диққат гӯш карданд. Сонӣ аз харитаашон зодгоҳи ман деҳаи Чуручро ёфтанд, ки он дар саргаҳи сойи Оби Шӯр воқест.
Баъд ман ба онҳо гуфтам, ки саргаҳи дигари ин сой дараи Шоҳамин, кӯҳи Ағбаи Мижа, кӯҳи Сияҳгул мебошанд, ки ду дарӯчаро ташкил мекунанд. Дарӯчаи сеюми онро Оби Шӯр меноманду дарӯчаи чорумаш Оби Хурдтарак ном дорад. Он аз назди деҳаи Одамак сар мешавад. Аслан Одамак айлоқи қадима будааст.
Сойи Оби Шӯр ҳар сол не, дар се-чор сол як бор зиёд меояду дарёи Вахшро манъ мекунад, дарё дам мехӯрад, қафо меояд. Одатан нӯҳум - дахуми май ё нуздаҳум - бистуми май селоби сойи Оби Шӯр меояд ва ба муддати се-чор рӯз ё ба тӯли як ҳафта дарёро манъ мекунад. Қудратро бинед, ки ҳамин сойи Оби Шӯр пеши роҳи дарёи Вахши дамонро мегирад. Соли як ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду се ҳамин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё