Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
калон-калони якчанд тоннагиро аз кӯҳҳо ғелонида ба поён меовард ва ба обҳои кабудҷатоби Вахшрӯд бераҳмона мезаду ба ҳамин ранг бархӯрд мекард. Ин сой ба масофаи як километру дусад метр поёнтар аз сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун, аз ҷониби Шарқ, аз қуллаҳои кӯҳҳо ва талу теппаҳои самти Балҷувон ва Сари Хосор обҳои худро ҷамъ карда, сарозер тозон мешуд ва дар ҳар қадам обҳои бисёр дарёчаҳо, сойҳо, тармаҳо, чашмаҳо, ҷӯйҳо онро боз ҳам ғуррандатару даррандатар мекарданд.
Одамон аз замонҳои қадим табиати вайронкори сойи Оби Шӯрро дидаву санҷида, таъми оби онро таҷзия кардаанд. Оби ин сой начандон талху начандон шӯр, балки як навъ ба маззаи тумҷ мемондааст, яъне ба маззаи санги замч шабоҳат доштааст. Лекин мардум, эҳтимол, ба табиати шӯрангези он бештар диққат дода, «сойи Оби Шӯр», яъне шӯрангезаш номидаанд. Теъдоди дараҳо, сойҳо ва кулли сарчашмаҳои он тақрибан ба ҳафтоду панҷ мерасидааст ва ҳамаи ин обҳо бо як сойи танг ва качу килеб аз баландӣ ба поён бодсон рехта, ба неруи даҳшатноке табдил меёфтааст ва бо зарбаҳои харсангҳои овардааш маҷрои Вахшро нигоҳ медоштаасту шӯру гиреве меангеҳтааст. Мегӯянд, ки агар сойи Оби Шӯр рост ҷорӣ мегардиду самти ҳаракаташ качу килеб намешуд, баробари нигоҳ доштани оби дарё бо зарбаи пуркудрату даҳшатноки фурӯ рехтани худ девори кӯҳи соҳили рости рӯди Вахшро ҳам сӯрох мекардааст, бале, девори мустаҳками кӯҳи баландро. Ҳамин қадар қудрати вайронкорона доштааст ин сойи девонафеъл. Вақте ки аз инчунин васли сойи Ҷайҳунтабиат дарёи бузурги тезҷараён дам хӯрд, албатта, харобиҳою вайронкориҳо афзунтар мегарданд...
Хайрулло Сафарзода ба андешаҳои худ идома медод... Дар сохтмони муҳташам роҳбар, сармуҳандис, зина ба зина ва мувофиқи мартаба мутахассисин ва масъулине ҳастанд, ки вазифаҳои хурду калонро ишғол намуда, иҷроити

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё