Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

бетонии сихдори садди сойи Оби Шӯр. Сихҳои дар мағзи бетонбуда ба харсангҳои қаъри сой ва соҳилҳои он хеле қавӣ фурӯ рафта буданд.

«Бале, ба ҳунари муҳандисони лоиҳасози муассисаи «Гидропроект»-и шаҳри Маскав эътимод бастан мумкин» - ба дил гузаронд Хайрулло Сафарзода, - воқеан онҳо чирадаст ҳастанд. Нақшаи садро ниҳоят моҳирона кашидаанд.

Аммо ман аз он дар ҳайрату шигифтам, ки чаро ба тӯли бист соли аввали сохтмони неругоҳ ин садро насохтаанд? Дар он даврони шӯравӣ имконият фаровон буд, лекин бо кадом сабаб бошад, ки ба сохтмони чунин садди муҳим даст назаданд. Роҳбари кулли сохтмони неругоҳ Николай Григорович Савченков муҳандиси пуртаҷриба, роҳбари қудратманд ҳисоб меёфт, ғайр аз ин вазифа боз якчанд мансабҳои баландмартабаро ишғол карда буд. Аммо ба сохтмони ин садди сойи Оби Шӯр чандон аҳамият надоданаш ба ман муаммои сарбастаасту халос...

Хайрулло Сафарзода дар нуқтаи васлбии садди сойи Оби Шӯр бо Вахшрӯд ба ронанда ишорат намуд, ки мошинро нигоҳ дорад. Вай аз мошин фуромада, ба баромадгоҳи нақбҳои сохмонӣ дуру дароз нигарист. Дар поёнтари ҳамин баромадгоҳ, албатта, аз соҳили чап сой бо дарё васл меёфт. Ва он фоҷиаро хаёлан пеши назар овард...

...Аввалҳои моҳи майи соли як ҳазору нӯҳсаду наваду се дар атрофу акнофи шаҳри Роғун боронию сел пайваста мебориду меборид. Боришот як сония низ қатъ намегардид, ҳам шаб меборид, ҳам рӯз. Аслан гӯем, боришоти се рӯзи охири моҳи апрел оғоз гардида, намфишониро афзуда буд. Дар рӯзҳои моҳи май бошад, борон ҳамвора шиддат мегирифт.

Чун борон аз осмон бо гирев мерехт, сойи Оби Шӯр бо обҳои гилолуди худ медамиду шӯр меангехт ва сангҳои

пешина
аз 216
навбатӣ