Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
фаъолият менамуд. Вай қабл аз сафар ба шаҳри Хуҷанд барои иштирок дар кори Иҷлосия масъулияти роҳбарии рӯзномаро ба зиммаи роқими ин сатрҳо супурд, ки он вақт узви ҳайати таҳрир ва мудири шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқ будам.
Дар шумораи чордаҳуми ноябри соли наваду ду ба муносибати Иҷлосияи шонздаҳуми наҷотбахш зери унвони рӯзнома бо истифодаи мисраи машҳури устод Лоиқ хитобае ҷогузин намудам ва сармақолае навиштам, ки инҳоро ба диққати хонандагони муҳтарам пешниҳод мекунам:
«Модар яктост, Тоҷикистон яктост!
Падарону бобоён, тифлону модарон — тамоми сокинони ҷумҳурӣ аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ умедҳои калон доранд. Вакилони халқи ҷумҳурӣ, роҳбарони аҳзоб, ҳаракатҳои мардумӣ, саркардагони тарафҳои даргир, ҳар як фарди ватанпараст ва баномуси тоҷик барои хотимаи ҷанги бародаркушӣ ва пирӯзии якпорчагию ваҳдати миллӣ бояд худфарсой ва саҳмгузорӣ намоянд».
Ва инак сармақола: «Вопасин умеди растагорӣ
Тоҷикистони азизи мо дар сари вартаи беқаъри маҳву нобудӣ қарор дорад. Мавҷудияти Ватан, ҳастии миллати азияткашида дар хатар аст. Дар ин хусус бисёр навиштаанд, басе бонги хатар задаанд. Вале имрӯз ин воқеияти шум ба нуқтаи фалокатбортарин ва пурмуфоҷои хеш расидааст.
Модарони дилфигори ҷигарсӯз, падарони ғамзадаи синабирён, тифлони ятими бекас, пирони хастаю дилшикастаи мо бо чашмони чор интизори сулҳу амонӣ ҳастанд. Охир то кай хуни ҳамдигар резему хоки якдигар безем! Акнун лаҳзае фаро расидааст, ки хиради бузурги мероси ниёгонро ба кор барем. Мутафаккире фармудааст, ки чун бар қасди куштани касе теғ аз наём баркашӣ, аввал он теғ ба дасти худат болои сари ту давр мезанад. Яъне ту ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё