Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
дар вазъияти осоиштагию фаровонӣ зисту зиндагонӣ кунанд.
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Девони Вазирони назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон».
Ин суханони ниҳоят самимӣ, бародарона ва ғамхорона буда, ба қаъри дили мутолиин таъсир мерасонанд. Бояд зикр намуд, ки баъди сипарӣ гардидани беш аз сӣ сол ҳам таъсиру ҳарорати ғамхорона ва бародаронаи он кам нашудааст. Ҳақиқатан ҳам ин суханон ба хешу табори наздиктарин ва ғамхортарин будани тоҷикону ӯзбекон гувоҳӣ медиҳанд. Ин суханони пурмаъно ва дорои самимияти баландро танҳо бародарони асил ва хешони наздику ғамхор мегӯянду бас. Бародарони ӯзбеки мо дар лаҳзаҳои ҳассос ва душвортарин дастони моро гирифтанд ва бо неруҳои сулҳҷӯй ба хонадони мо, ба диёри азизи мо кӯмак расонданд, барои қатъи садои тир ва барқарор гаштани оромию осоиштагӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ ёрӣ бародаронаи хешро дареғ надоштанд. Алҳақ ин хизмати бузурги бародарона ва хешовандии буда, халқи миннатдори тоҷик онро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Мо ҳамон вақт бо тамоми вуҷуди хеш эҳсос намуда будем, ки дӯстон ва хешовандони арҷманду муҳтарами мо кистанд.
Дар арафаи Иҷлосияи шонздаҳуми наҷотбахш вазъияти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ боз ниҳоят муташанниҷ гардид. Бархӯрдҳои бемаънии дастаҳои мусаллаҳи ба ҳамдигар мухолиф дар водии Вахш, дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисор рух медоданд ва акнун дар гирду атрофи пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе низ ба амал меомаданд...
Аз се нафар муовинони сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» ду нафарашон яке пайи дигар тарқи кору вазифа карданд. Лекин сабабҳои ин амали онҳо ба ҳамкорон маълум набуд. Ба ҳамин ваҷҳ идораи рӯзнома фақат бо роҳбарии муовини сармуҳаррир Мирзомаҳмуд Мирбобозода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё