Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

буданд. Охир, чӣ метавон кардан, илоҷи дигар набуд, мардуми бечора дар ҷойи буду бошаш як дами беғам зада наметавонист ва акнун маҷбур мегардид, ки сар ба сояи девори ҳукумат паноҳ бубарад. Лекин ҳукумати марказӣ он вақт заифу нотавон ва бемадору гумгаштаравон менамуд.

Раиси Шӯрои Олии вақти ҷумҳурӣ дар баробари зимомдории худ аркони иловагӣ – иҷрокунандаи вазифаи Раиси ҷумҳурро ба чангол оварда бошад ҳам, кишварро сари мӯе идора кардан наметавонист. Ҷинояту хиёнат ба ҳадди фавқонӣ расида буд.

Дар ин хусус Номаи фармондеҳи гурӯҳи марзбонони Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, генерал-майор В. Гритсан, ки ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба иҷрокунандаи вазифаи нахуствазир, ба иҷрокунандаи вазифаи додситони кул фиристодааст, хеле возеҳ баён мегардад.

Ҳамон вақт дар Нома тасбит ёфта буд, ки як адад чархбол бидуни иҷозат хати сарҳади кишварамонро убур намуда, рӯзи дигар аз хориҷа аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ интиқол додааст.

Дар қаламрави мамлакат чунин амалиёти хиёнаткорона ва хатарнок рух медиҳад, аммо иҷрокунандагони вазифаҳои кулли дараҷоти роҳбарони маснаднишин аз ин вуқуфе надоранд...

Ноӯҳдабарой ва нотавонии ҳукумати ҳамонвақтаро аз
хабари зерини фоҷиавӣ, ки якуми июли соли наваду ду
дар шумораи як саду бисту сеюми рӯзномаи «Садои мардум» ба табъ расидааст, огоҳ шудан мумкин аст. Ин хабар
«Ҳамдардии ҳукумат» номида шуда, Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андӯҳ хабар додааст, ки чанд
рӯз пеш дар ноҳияи Вахш ва баъзе маҳалҳои дигари
ноҳияҳои вилояти Қӯрғонтеппа дар асари задухӯрди

пешина
аз 216
навбатӣ