Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Ва ҳамин вақт касе ӯро ба ситод даъват намудааст. Чӣ тавре ки маълум аст, дар ошёнаи сеюми Шӯрои Олӣ ситоди вакилон таъсис гардида буд. Сармуҳаррири рӯзномаи парлумонӣ, вакили мардумӣ Муродуллоҳ Шерализода дар ситоди вакилон муддати мадиде бо баррасии масоили муҳим шугл меварзад ва хастаҳол гардида, ба берун, ба ҳавлии бинои Шӯрои Олӣ мебарояд. Ва дар ҳамин асно тири манҳус ба синаи поки ин фарзанди асили Ватан бармехӯрад...
Дар боло зикр намудем, ки рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» зодаи Истиқлолияти Ватан буда ва музаффариятҳои гаронқадри Истиқлолияту ваҳдатро бо ҷоннисорӣ ҳимоят менамуд. Ин ҷо дар амал дидем, ки муассис ва сармуҳаррири нахустини «Садои мардум», фарзанди покҷавҳар ва садоқатманди халқу Ватан Муродуллоҳ Шерализода ҳангоми анҷоми вазифаи хизматии худ дар ҳавлии Шӯрои Олӣ ҷонашро фидо кард. Ин воқеаи мудҳиш панҷуми майи соли ҳазору нӯҳсаду наваду ду ба вуқӯъ омада буд. Ҳамин санаро оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистони азиз ҳисобидаанд. Чӣ тавре ки олими тавоно, арбоби ҷамъиятӣ, шоири соҳибистеъдод Кароматуллоҳ Олимзода баён доштаанд, Муродуллоҳ Шерализода фоҷиаи миллиро бо хуни худ сабт намуд.
Минбаъд вазъияти фоҷиабори кишвари азизамон рӯз аз рӯз буҳрончу муташанниҷ шудан гирифт. Аз атрофу акнофи мухталифи мамлакат садои пурнаҳси тир шунида мешуд ва маълумоти фавтидагону захмиёну маъюбон паҳн мегашт. Беназмию хароб гардидани тартиботу инзибот бисёр ба мушоҳида мерасид. Аз бархе минтақаҳои диёр хабарҳои гуногуни омадани муҳоҷирини иҷборӣ шунида мешуданд. Хусусан дар пойтахти Ватанамон — шаҳри Душанбе муҳоҷирини иҷборӣ хеле зиёд кӯч баста

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё