Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хонданДар ҳамин вақт Камол нишонро аз даруни қуттӣ гирифта, дар назди усто Миршукурбобо ниҳод ва гуфт:
- Падари азиз, ин нишон ба шумо низ тааллуқ дорад. Сари ятими кулро сила намуда, ба вай падарӣ кардан ҳам корнамоист.
- Бо аҳли аёлу атфолат саломат бош, писарҷон. Ҳини ба Норак роҳӣ шуданат дуо дода, гуфта будам, ки хока гирӣ, зар шавад! Ҳамин ҳикмати гузаштагонро имрӯз ҳам такрор менамоям:
- Хонаи одамонро чарогон кардан савоби дуҷаҳонӣ дорад. Хока гирӣ, зар шавад!
Камол Ҳамсариев ҳабдаҳ сол дар сохтмони Неругоҳи барқи обии Норак сардори бригадаи бетонрезон буда, қаҳрамонии ҳақиқии меҳнатӣ нишон додааст. Худи ӯ кори ҳабдаҳсолаашро, ки дар ин сохтмони оламшумул ба анҷом расонидааст, кори муқаррарии бетонрезӣ меномидааст.
Вақте ки сохтмони садди сесадметраи Неругоҳи Норак оғоз гардид, бригадаи бетонрезони Камол Ҳамсариев ӯҳдадорӣ гирифта буд, ки барои бунёди сутунмӯҳраи ин садди сесадметра бетон шӯрида, маҳлулро комилан омода созанд ва барои эъмори сутунмӯҳра бирезанд. Дар муҳлати муайяншуда бетони рехтаи бригадаро чун ҳисоб карданд, 250 ҳазор кубро ташкил намуд. Бо ин миқдор бетон сутунмӯҳрае, ки садди азимро нигоҳ медорад, бунёд гардид ва он ба тӯли садсолаҳо хизмати одамонро анҷом медиҳад.
Барои ин корнамоӣ бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ Камол Ҳамсариевро бо нишони Ленин сарфароз гардониданд. Якчанд нафар аъзои бригадаи ӯ низ бо нишону медаллҳои ҳукуматӣ мукофотонида шуданд.
Тибқи ҳикояти Карим соли 1977 падараш вақти рухсатӣ ба тафреҳгоҳи Хоҷа Оби Гарм меояд. Сардори аввалини сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун Виктор Яковлевич

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё