Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
МОЯИ ҲАЁТ
- МЕҲНАТ
Дари комгорӣ ба ганҷ андар аст,
Раҳи ганҷ ҷустан ба ранҷ андар аст.
Абўшакури Балхӣ
Ба ранҷ андар орӣ танатро, равост,
Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост.
Ба ранҷ андар аст, эй хирадманд, ганҷ,
Наёбад касе ганҷ, нобурда ранҷ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Таносонию коҳилӣ дур кун,
Бикўшу зи ранҷи танат сур кун,
Ки андар ҷаҳон суди беранҷ нест,
Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест.
Абулқосими Фирдавсӣ
Бидоред кори ҷаҳонро ба ранҷ,
Ки аз ранҷ ёбад сарафроз ганҷ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Таносон шавад, ҳар ки ранҷ оварад,
Зи ранҷи танаш бори ганҷ оварад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ту коре, ки дорӣ, набурдӣ ба сар,
Чаро даст ёзӣ ба кори дигар?
Абулқосими Фирдавсӣ
Агар ҳар ки дорад зи ҳар кор нанг,
Бувад зиндагонию рўзиш танг.
Абулқосими Фирдавсӣ
Агарчанд бифзояд аз ранҷ ганҷ,
Ҳама ганҷи гетӣ наярзад ба ранҷ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳама кори бегоҳ бебар бувад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳар чи осон шавад ба охир кор,
Бошад оғозҳои он душвор.
Абулфазли Байҳақӣ
Агар хоҳӣ, ки зиндагонӣ ба осонӣ гузаронӣ, равиши худро бар рўи кор дор!
Унсурулмаолии Кайковус
Ранҷи имрўзин осудани фардоин бувад ва осудани имрўзин ранҷи фардоин.
Унсурулмаолии Кайковус
То ранҷи кеҳтарӣ бар хештан наниҳӣ, ба осоиши меҳтарӣ нарасӣ…
Унсурулмаолии Кайковус
Зи осонӣ наёяд шодкомӣ,
Зи беранҷӣ наёяд некномӣ.
Фахриддини Гургонӣ
Ҳар он коре, ки чора-ш пеш созӣ,
Чу коми дил биёбӣ, беш нозӣ.
Фахриддини Гургонӣ
Нашояд ёфт бе ранҷ аз ҷаҳон ганҷ.
Фахриддини Гургонӣ
Гарат ганҷ бояд, ба тан ранҷ бар,
Ки дар ранҷи тан ёбӣ аз ранҷ бар.
Асадии Тўсӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё