Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Муллоҷон Фозилов
БАРОИ НАШРИ ДУВУМИ КИТОБ

Нашри якуми китоб моҳи августи соли 1961 ба амал омада буд. Азбаски адади нашри он на чандон бисёр (7000 нусха) буд, дар зарфи чанд моҳ аз тарафи китобдўстон харида шуда, тамоман ноёб гардид.
Ба китоб дар газетаву журналҳои марказӣ паси ҳам тақризҳо навишта, камбудиву муваффақиятҳои он ҳаққона қайд карда шуданд. Тақризҳои А.Усмонов (газетаи «Ҳақиқати Ленинобод», аз 11 ноябри соли 1961), Ҳамид Маҷидов («Комсомоли Тоҷикистон», аз 26 ноябри соли 1961), Ҷумъабой Азизқулов («Шарқи Сурх», № 11, соли 1961), Б. Ҳамдам (журнали «Тоҷикистон», № 1, соли 1962) ва, ниҳоят, тақризи Ш.Камол ва Б.Ғанӣ (газетаи «Маориф ва маданият», аз моҳи марти соли 1962) чоп гардиданд.
Тартибдиҳандаи китоб ба ҳамаи тақризнависони худ ва, инчунин, ба рафиқон И. Ализода ва Н. Муллоқандов, ки бодиққат ин китобро хонда, барои беҳтар шудани сифати он таклифҳои пурқимат пешниҳод намуданд, миннатдории худро изҳор мекунад.
Нашри навбатии китоб бодиққат таҳриру тасҳеҳ карда, бар он иловаҳои зиёде аз осори бузургони адабиёти тоҷик-форс, инчунин, аз «Амсолу ҳикам»-и Алиакбари Деҳхудо ва «Суханони бузургон»-и нашри Эрон, дохил карда шуд.

пешина
аз 331
навбатӣ