Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Шеър
Аз аввал хондан- Аз «Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ», ки В. Асрорӣ, А. Писарчик, С. Тоҷиддинов, М. Ҳамидҷонова ба табъ расондаанд.
Барои осон шудани истифодаи хонандагони муҳтарам панду ҳикматҳо ба бобҳо ва мавзўъҳои гуногун ҷудо карда шуданд. Чунин тақсимоти дурдонаҳо, ки аз ҷиҳати маънӣ хеле амиқ мебошанд, як дараҷа шартист. Барои зиёд шуда нарафтани мавзўъҳо баъзе панду ҳикматҳое, ки миқдоран хеле кам буданд, ба таври шартӣ дар мавзўъи «Насиҳат» ва боби «Гуногун» оварда шуданд.
Панду ҳикмати шоирону нависандагон мувофиқи хронологияи гўяндагон оварда шуданд. Дар мавориде, ки панду ҳикмат ва зарбулмасалу мақолҳо аз китобҳои гуногун гирифта шудаанд, танҳо номи китобҳо таъкид ёфтаанд. Пас аз ин як қатор панду ҳикмати лоадрӣ оварда шуданд, ки таъйини муаллифонашон алҳол дастамон надод.
Маҷмўа таҷрибаи аввалини ҷамъ овардани панду ҳикматҳои шоирону нависандагони адабиёти мо мебошад. Лозим аст, ки панду ҳикмат ва афоризмҳои роҳбарони партия, ҳукумат ва нависандагони забардасти давраамон ба таври бояду шояд дар маҷмўаҳои алоҳида ва мукаммалтар аз ин гирд оварда шаванд.
Албатта, камбудиву нуқсони ҷойдоштаи маҷмўа бо ёрии рафиқонаи хонандагони гиромӣ ислоҳ хоҳанд шуд.
Ниҳоят, ба номзади фанҳои филологӣ, муаллими аввалинам Шарифҷон Ҳусейнзода, ки дар ман меҳру муҳаббати омўхтани забону адабиётро бедор намуда, дар тартиб додани маҷмўа ёриву маслиҳат расонданд, аз таҳти дил миннатдорӣ изҳор менамоям. Инчунин, ба номзадҳои фанҳои филологӣ Муҳаммадҷон Шукуров, Абдулқодир Маниёзов ва ходимони илмии Институти забон ва адабиёти АФ Тоҷикистон рафиқон С. Салоҳ, Х.Отахонова, С. Сайфуллоев ва М. Азизӣ, ки барои беҳтар шудани сифати китоб мулоҳизаҳои пурқимат гуфтанд, ташаккур баён менамоям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё