Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нашояд беҳӣ ёфт бе ранҷу бим,
Ки беранҷ кас н-орад аз санг сим.
Асадии Тўсӣ

Дил аз дерии кор ғамгин мадор,
Ту некӣ талаб кун, на зудии кор!
Асадии Тўсӣ

Ба коре, ки анҷоми он нопадид,
Мабар даст, к-он ройро кас надид.
Асадии Тўсӣ

Туро чун набошад ғами кори хеш,
Ғами ту надорад касе аз ту беш.
Асадии Тўсӣ

Мафармой коре ба-дон коргар,
К-аз он кор натвонад омад бадар!
Асадии Тўсӣ

Ҳар кас ки ба тобистон дар соя бихусбад,
Хобаш набарад гурсуна шабҳои зимистон.
Носири Хусрав

Агар коре кунӣ, музде ситонӣ,
Чу бекорӣ, яқин, бемузд монӣ.
Носири Хусрав

Беҳ аз сонеъ ба гетӣ муқбиле нест,
Зи касби даст беҳтар ҳосиле нест.
Носири Хусрав

Бар даст магир чун сабуксорон,
Коре, ки ба сарш бурд натвонӣ.
Носири Хусрав
Зи касби даст набвад ҳеҷ оре,
Беҳ аз максаб набошад ҳеч коре.
Носири Хусрав

Зи кор гардад мардум бузургу номовар.
Масъуди Саъди Салмон

Биё, бикаш ҳама ранҷу маҷўй осонӣ,
Ки кори гетӣ бе ранҷ менагирад соз.
Масъуди Саъди Салмон

Дар ҷаҳон касе нест, ки вуҷудаш барои коре ба дард нахурад.
Низомулмулк

Биё, ки умр чу боди баҳор мегузарад,
Ба кор бош, ки ҳангоми кор мегузарад!
Амъақи Бухороӣ

Кор кун, кор, бигзар аз гуфтор,
К-андар ин роҳ кор бояд, кор.
Абдулмаҷди Саноӣ

Ҳар куҷо роҳатест, сад ранҷ аст,
Зери ранҷ андарун дусад ганҷ аст.
Абдулмаҷди Саноӣ

Айб бошад ба хона-андар мард,
Мардро кору шуғл бояд кард.
Абдулмаҷди Саноӣ

Нест бе ранҷ роҳати дунё.
Абдулмаҷди Саноӣ

Кард пеш ору гуфт кўтаҳ кун!
Абдулмаҷди Саноӣ

пешина
аз 331
навбатӣ