Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Адлу инсоф дон, на куфру дин,
Он чи дар ҳифзи мулк даркор аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳар киро дил ба адл шуд моил,
Тамаъ аз моли халқ, гў, бигсил!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Сарриштаи мизони адолат мадеҳ аз даст,
Зинҳор, ки бо ҳар ки гарон аст, гарон бош!
Соиби Табрезӣ


Аввал он бошад, ки бошӣ додгар, Ҳам зи ақли хеш бошӣ бохабар.


Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд: «Кадом биност, ки ҳаргиз хароб намешавад?» Гуфт: «Адл».


Ба ҳаққу ҳақиқат завол нест.


Моҳ ҳамеша зери абр намонад.


Аз ҳақ то ноҳақ чаҳор ангушт аст.
II. ҲАЁТ ВА МУБОРИЗА

1.ВАТАН

Алоқае дар дунё шадидтар аз меҳр ба Ватан нест.
Афлотун

Зи баҳру бару буму фарзанди хеш,
Зану кўдаки хурду пайванди хеш,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Абулқосими Фирдавсӣ

Кўи ту хоҳад ин дили овора, не биҳишт,
Мурғи ғарибро зи гулистон ватан беҳ аст.
Камоли Хуҷандӣ

Хоки поят дўст дорад чашми ман,
Нест айб, эй дўстон, ҳуббулватан.
Камоли Хуҷандӣ

Дар роҳи ватан мурдан зиндагист,
Мурдан зиндагонӣ дар бандагист.
Абулқосим Лоҳутӣ

Хуни гарми ишқу ихлосу садоқат бар ватан,
Хуни нафрат, хуни кин бо душмани паймоншикан.
Абулқосим Лоҳутӣ

Бародарон, ба модари ватан вафо кунем,
Агар ки сар талаб кунад, ба вай фидо кунем.
Абулқосим Лоҳутӣ

Мафрўш обрўи Ватанро зи тарси ҷон,
Номи абад ба ҳиммати мардӣ харид кун!
Абулқосим Лоҳутӣ

пешина
аз 331
навбатӣ