Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Гар эмин кунӣ мардумонро ба дод,
Худ эмин бихусбию аз дод шод.
Абулқосими Фирдавсӣ
Агар додгар чанд бекас бувад,
Варо ростӣ посбон бас бувад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба ҳар кор фармон макун ҷуз ба дод,
Ки аз дод бошад равони ту шод.
Абулқосими Фирдавсӣ
Агарчи ҳақ талх бошад, бибояд шунид.
Унсурулмаолии Кайковус
Дод аз хеш бидеҳ, то аз доддеҳ мустағнӣ бошӣ.
Унсурулмаолии Кайковус
Дод ободонӣ буваду бедод вайронӣ.
Унсурулмаолии Кайковус
Адл аст вориси ҳама осори ақли пок,
Ақл аст офтоби дилу адл аз ў зиёст.
Носири Хусрав
Ҳар куҷо адл рўй бинмудаст,
Неъмат андар ҷаҳон бияфзудаст.
Абдулмаҷди Саноӣ
Адл шамъе бувад ҷаҳонафрўз.
Абдулмаҷди Саноӣ
Адлу инсофу ростӣ бояд,
В-ар хазина тиҳӣ бувад, шояд.
Накунад ҳаргиз аҳли донишу дод
Дили мардум харобу ганҷ обод.
Саъдии Шерозӣ
Мапеч, эй писар, гардан аз адлу рой,
Ки мардум зи дастат бипечанд пой!
Саъдии Шерозӣ
Зулмат зи зулм дону нур аз адл,
Ин бидону мабош дур аз адл!
Рукниддини Авҳадӣ
Адл бе илм беху бар накунад,
Ҳукм бе адлу илм асар накунад.
Рукниддини Авҳадӣ
Адл рахшандатар зи маҳ кунадат.
Рукниддини Авҳадӣ
Ба адл кўш, ки чун субҳи он тулўъ кунад,
Фурўғи он биравад то ҳазорфарсангӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ба адл ор рў, то ки одил шаванд,
Ҳама бо ту дар кор якдил шаванд.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Шаҳру деҳ обод ба адл асту бас,
Табъи ҷаҳон шод ба адл асту бас.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Адли ту гар файзрасонӣ кунад,
Бар рамаҳо гург шубонӣ кунад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Адл чун мулкро шавад меъмор,
Ҳеҷ чизи дигар наёяд кор.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Адл, хоҳӣ, ки бар мазид бувад,
Зулм бояд, ки нопадид бувад!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё