Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ишқ оташ аст, агар набошад, хона сард ва торик аст,
аммо агар беҷо афтад, хона ва хонумонро месўзад.


Аз ҳакиме пурсиданд: «Муҳаббат чист?» Гуфт: «Он ки
аз накўӣ зиёда шавад ва аз ҷафо нуқсон напазирад».


Ҳақиқаттарини ҳақиқатҳо ишқ аст.


Маъшуқаи беайб наҷўй, ки наёбӣ.


Бо ишқ агар ҳила кунӣ, мегурезад.


Гар ба дил завқе надорӣ, синаҷунбонӣ чӣ суд?


Барои ошиқ Бағдод дур нест.


Ошиқро сабр мебояд, на лоф.


Дар хонае, ки ишқ нест, осоиш нест.


Муҳаббат ду сар дорад.


Ошиқ ҳамон, ки маъшуқашро хуш кунад.


Меҳрубонӣ меҳрубонӣ оварад.


Дар марази ишқ набошад табиб.

7.АДЛ ВА ҲАҚ

Макун, эй бародар, ба бедод рой,
Ки бедодро нест бо дод пой!
Абулқосими Фирдавсӣ

Агар кишвар обод дорӣ ба дод,
Бимонӣ ту ободу аз дод шод.
Абулқосими Фирдавсӣ

пешина
аз 331
навбатӣ