Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ишқи дили ман на ишқи Фарҳод бувад,
Кори дили ман на доду фарёд бувад.
Ишқ аст, ки дил зи ҳастияш шод бувад,
Аз ғуссаву кулфату ғам озод бувад.
Ҳабиб Юсуфӣ
Ман ошиқи ту, валек Маҷнун нашавам,
Аз халқ ҷудо ба дашту ҳомун нашавам.
Ман, хоҳ ба ишқ, хоҳ дар кору сухан,
Аз маслаки ленинизм берун нашавам.
Ҳабиб Юсуфӣ
Арзандатар аз ишқ ба олам гуҳаре нест,
Покиза бидораш, ки ба ҳастӣ сабаб аст ин.
Абулқосим Лоҳутӣ
Ишқ ҳақиқист, маҷозӣ магир,
Ин думи шерест, ба бозӣ магир!
«Чор дарвеш»
То ки аз ҷониби маъшуқа набошад кашише, Кўшиши ошиқи бечора ба ҷое нарасад.
Аз умр чӣ ҳосил аст онро, К-аш ишқ насўхтаст хирман.
Агар сад оби ҳайвон хўрда бошӣ, Чу ишқе дарнабурдат, мурда бошӣ.
Савдои ишқу ошиқӣ офати осоиш ва оромиши хаёл аст, вале агар ишқ дар олам набуд, ҳунару санъат ва зебоӣ ҳам набуд. Ишқ аст, ки башарро аз хокистарнишинӣ раҳоӣ бахшида ва зебоиро ба зиндагонии мо роҳ додааст.
Маъшуқеро, ки чашм интихоб кунад, чӣ басо, ки маҳбуби дил нашавад, аммо онро, ки дил биписандад, бегумон, нури чашм хоҳад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё