Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳар дил, ки дар ў зи ишқ ҷўшест,
Аз нолаи мурғ дар хурўшест.
Бадриддини Ҳилолӣ

Ошиқон ҳарчанд муштоқи ҷамоли дилбаранд,
Дилбарон бар ошиқон аз ошиқон ошиқтаранд.
Бадриддини Ҳилолӣ

Чун мастии ишқ гашт комил,
Девона шавад ҳазор оқил.
Бадриддини Ҳилолӣ

Нагўйӣ ишқ кори ҷоҳилон аст,
Зи нодонӣ шиори ғофилон аст.
Басе девонаро оқил кунад ишқ,
Баҷаҳлафтодаро комил кунад ишқ.
Ялон аз ишқ ҷабборӣ намоянд,
Ки зўри хеш бар ёре намоянд.
Ҳазинонро нишотафзо кунад ишқ,
Назарпўшидаро бино кунад ишқ.
Хамидақад ҷавон аз ишқ гардад,
Шикастапо давон аз ишқ гардад.
Бахилонро саховатпеша созад,
Заифонро чу шери беша созад.
Роғиби Самарқандӣ

Зи берангӣ мазан дам дар муҳаббат,
Ки олам гўшае аз ранги ишқ аст.
Зебуннисо

Касе, ки ошиқи худбину худнамо бошад,
Ҳамеша бар дари маъшуқ чун гадо бошад.
Зебуннисо

Шавад хароб биноҳои обу гил охир,
Магар бинои муҳаббат, ки то абад маъмур.
Муҳаммадаминхоҷаи Кошиф

пешина
аз 331
навбатӣ