Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Азобе чун азоби дурафтодагони ватан нест.
«Ҳазору як шаб»

Ҳар киро ҳубби ватан нест, номус неву ҳар киро номўс нест, саодат не.


Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи ватан аз он воҷибтар.


Қурбони ватан бош, ки қурбонат шаванд.


Хоки ватан аз мулки Сулаймон хуштар, Хори ватан аз лолаву райҳон хуштар.


Шахси беватан–булбули бечаман.

2.ХАЛҚ

Агар хоҳӣ беҳтарини халқ бошӣ, чизе аз халқ дареғ мадор!
Унсурулмаолии Кайковус

Ба мардум хирадманд номӣ бувад,
Ки мардум ба мардум гиромӣ бувад.
Асадии Тўсӣ

Ҳамеша некхоҳи мардумон бош,
Ба некӣ кўш в-он гаҳ дар амон бош!
Носири Хусрав

Чу мардумзодаӣ, бо мардумӣ бош!
Чӣ бошад дев будан? Одамӣ бош!
Носири Хусрав

Рўзе, ки роҳате нарасад аз ман
Мар халқро, зи умр напиндорам.
Масъуди Саъди Салмон
Кўш, то халқро ба кор оӣ,
То ба хулқат ҷаҳон биёроӣ!
Низомии Ганҷавӣ

Умеди халқ баровар, чунон ки битвонӣ,
Ба ҳукми он, ки туро ҳам умеди мағфират аст.
Ки гар зи пой дароӣ, бидонӣ ин маънӣ,
Ки дастгирии дармондагон чӣ маслиҳат аст.
Саъдии Шерозӣ

Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест,
Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест.
Саъдии Шерозӣ

Эй, ки пурсӣ, ки беҳтарин кас кист,
Гўям аз қавли беҳтарини касон:
«Беҳтарин кас касе бувад, ки зи халқ
Беш бошад ба халқ нафърасон!»
Абдураҳмони Ҷомӣ

Хидмати халқро муҳайё бош,
Баҳри хизмат ситода бар по бош.
Камолиддини Биноӣ

Хоҳӣ, ба халқ рў кун, хоҳӣ, хаёли ў кун,
Ин олами тамошо бар худ назар набошад.
Абдулқодири Бедил

Ҳар кас, ки зи ранҷи халқ роҳат талабад,
Албатта, сазовори сари дор бувад.
Абулқосим Лоҳутӣ

Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,
К-имрўз чӣ хизмате ба мардум кардӣ?
Абулқосим Лоҳутӣ

пешина
аз 331
навбатӣ