Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳаргиз намирад , он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Ҳофизи Шерозӣ

Ишқбозӣ кори бозӣ нест, эй дил, сар бибоз,
Варна гўйи ишқ натвон зад ба чавгони ҳавас.
Ҳофизи Шерозӣ

Ба ишқ зинда бувад ҷони марди соҳибдил,
Агар ту ишқ надорӣ, бирав, ки маъзурӣ!
Ҳофизи Шерозӣ

Ҳар кас, ки ҷон надод, ба ҷонон намерасад.
Ҳофизи Шерозӣ

Дил дар касе мабанд, ки дилбастаи ту нест!
Саъдии Шерозӣ

Ҳеч ошиқ сухани талх ба маъшуқ нагуфт.
Ҳофизи Шерозӣ

Касе, к-аз ишқ давлатманд гардад,
Бияфзояд ҳазорон эътибораш.
Камоли Хуҷандӣ

Мискин ошиқ чу бадгумон аст,
Ҳар лаҳза асири сад гумон аст.
Ҳар шубҳа ба пеши ў далелест,
Ҳар пашшаи мурда зиндапилест.
Коҳе бинад, гумон барад кўҳ,
Кўҳеш ояд ба сина з-андўҳ.
Ҳаҷре, ки бувад муроди дилбар,
Васл асту зи васл низ хуштар!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳусн зи ҳар чеҳра, ки рух барафрўхт,
Ишқ аз он шуъла дилеро бисўхт.

пешина
аз 331
навбатӣ