Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳусн на он аст, ки монад ниҳон,
Гарчи бувад парда ҷаҳон дар ҷаҳон!
Ҳусн, ки дар пардаи масрурӣ аст,
Захми ҳавасхўрдаи манзурӣ аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ошиқ ба насаб чӣ кор дорад,
К-аз ҳар чи, на ишқ, ор дорад.
Ҳар кас, ки бувад фитодаи ишқ,
Фарзанди дил асту зодаи ишқ.
Ҳарчанд, ки ишқ дарднок аст,
Осоиши синаҳои пок аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Дили беишқ тани беҷон аст,
Ҷон аз ў зиндаи ҷовидон аст.
Гавҳари зиндагӣ аз ишқ ояд,
Ганҷи пояндагӣ аз ишқ ояд.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ишқ мифтоҳи маъдани ҷуд аст,
Ҳар чи бинӣ, ба ишқ мавҷуд аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳар кас, ки на бар ризои ҷонон
Дорад ҳаваси лиқои ҷонон,
Дар даъвии ишқ нест содиқ,
Натвон лақабаш ниҳод ошиқ!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Қавме, ки наёмаданд дар ишқ тамом,
Хонанд ҳавои нафсро ишқ ба ном.
Кай шоядашон дар ҳарами ишқ мақом,
Худ ҳаст бар эшон сухани ишқ ҳаром.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Дар хиттаи ин хати маҷозӣ
Некў ҳунарест ишқбозӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё