Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ишқ бо ному нанг н-ояд рост,
Надиҳад даст ишқу раъноӣ.
Фаридуддини Аттор
Ҳазор гуна адаб ҷон зи ишқ омўзад,
Ки он адаб натавон ёфтан ба мактабҳо.
Ҷалолиддини Румӣ
Меҳру рафъат васли инсонӣ бувад,
Хашму шаҳват васфи ҳайвонӣ бувад.
Ҷалолиддини Румӣ
Ишқҳое, к-аз паи ранге бувад,
Ишқ набвад, оқибат нанге бувад.
Ҷалолиддини Румӣ
Гургу шеру хирс донад ишқ чист,
Кам зи саг бошад, ки аз ишқ ў тиҳист.
Ҷалолиддини Румӣ
Гарчи тафсири забон равшангар аст,
Лек ишқи безабон равшантар аст.
Ҷалолиддини Румӣ
Ҳин, макаш ҳар муштариро ту ба даст,
Ишқбозӣ бо ду маъшуқа бад аст.
Ҷалолиддини Румӣ
Ишқ бар мурда набошад пойдор,
Ишқро бар ҳаййи ҷонафзой дор!
Ҷалолиддини Румӣ
Нест маъшуқе зи ошиқ бехабар.
Ҷалолиддини Румӣ
Ошиқӣ пайдост аз зории дил.
Ҷалолиддини Румӣ
Ҷое, ки дарахти ишқ пурбор бувад,
Дур дар назару гуҳар дар анбор бувад;
Он ҷо ҳама кас ёри вафодор бувад,
Ёр он аст, ки дар бало ёр бувад!
Саъдии Шерозӣ
Ду ошиқро ба ҳам беҳтар бувад рўз,
Ду ҳезумро ба ҳам хуштар бувад сўз.
Саъдии Шерозӣ
Чун ошиқию маъшуқӣ омад, маликию мамлукӣ аз миён бархост.
Саъдии Шерозӣ
Саре, ки ишқ надорад, кадуи бебор аст.
Саъдии Шерозӣ
Бемори ишқро ба табиб эҳтиёҷ нест.
Саъдии Шерозӣ
Зи ишқ то ба сабурӣ ҳазор фарсанг аст.
Саъдии Шерозӣ
Ҳавас дигару ошиқӣ дигар аст.
Хусрави Деҳлавӣ
Бошад аз ишқ қуввати мардон.
Рукниддини Авҳадӣ
Ман бандаи он касе, ки шавқе дорад,
Бар гардани худ зи ишқ тавқе дорад.
Ту лаззати ишқу ошиқӣ кай донӣ?
Ин бода касе хурад, ки завқе дорад!
Ҳофизи Шерозӣ
Аз садои сухани ишқ надидам хуштар
Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор бимонд.
Ҳофизи Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё