Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Тақозо--талаб, хоҳиш, сахтгирӣ.
Таҳассур--ранҷ, андўҳ, афсўс; пушаймонӣ, ҳасрат.
Таҳамтан--қавӣ, диловар.
Таҳқиқ--ҳақиқатҷўӣ, тафтиш.
Темор--ғаму андўҳ, тадбир.
Тибат--ҳалол, раво; соф.
Тимсол--счурат, шакл, пайкар.
Тиҳӣ--холӣ.
То--зинҳор.
Тоат—фармонбардорӣ, итоат; ибодат.
Тоба--зарф барои бирён кардани моҳӣ ва пухтани кулча.
Тозарўӣ--тозагӣ, некўсуратӣ.
Тоир--паранда, мурғ.
Толиб--талабкунанда, хоҳанда, ҷўянда; тафтишкунанда.
Томеъ--тамаъдоранда, тамаъкор.
Тун--курраи шишагарӣ.
Тунд рафтан--тез, бошитоб рафтан.
Тундӣ--сахтӣ, шиддат, дуруштӣ; тезӣ, чолокӣ.
Турфа--чизи тозаву нав; чизе, ки монанди он касе надида бошад; ҳар чизе, ки ба назар хуш ояд; аҷиб.
Тўъма--хурок, хуриш, қут.
Тўъмаъ--умедҳо, орзуҳо, хоҳишҳо, рағбатҳо, ҳирсҳо.
Тўша--таоми андак, қути лоямут, зоди сафар.
У
Убудийят--бандагӣ, ғуломӣ.
Уд–чўбе, ки дуди он бўйи хуш дорад.
Улкан--бахил, тамаъкор.
Унс--ҳамдамӣ, дўстӣ, рафоқат, хуррамӣ.
Уруҷ--болоравӣ, баландшавӣ.
Уруҷ--болоравӣ.
Уфунат--бадбўй, гандабўй.
Ухравӣ--онҷаҳонӣ, қиёматӣ.
Ушшоқ--ошиқон.
Уюб--айбҳо, бадиҳо, гуноҳҳо, расвоиҳо.
Уқало--оқилон, хирадмандон, ҳушёрон.
Уқубат--шиканҷа, азоб.
Уҷб--такаббур, ғурур, худбинӣ, худписандӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо