Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ф
Фавқ--боло, аз боло, афзун, фузунтар.
Фазеҳ--шарманда, шармсор, расво.
Фазилат--афзунӣ, сарфарозӣ, хубӣ, некӣ.
Файз--эҳсон, лутф, шафқат, таваҷҷуҳ; саховат, ҷавонмардӣ.
Фазл--бартарӣ, фузунӣ; фазилат, илм, маърифат, дониш, хирад, фаҳм, адаб, эҳсон.
Фазоянда--афзункунанда, зиёдкунанда.
Факз--дудкаш, мўрӣ.
Фалоҳат—деҳқонӣ, кишоварзӣ
Фар(р)--ҳусн, зебоӣ; равнақ, нур, рўшноӣ, тоб; адл; риёсат,
бузургӣ, ҳашмат, қудрат, сарафрозӣ.
Фараҷ--наҷот, халосӣ; роҳат, осоиш, хурсандӣ.
Фард--танҳо, як чиз, як шахс.
Фарзона--ҳаким, донишманд, доно, олим, оқил; муҳтарам,
саодатманд.
Фароз--наздик, пеш, ҳузур; баланд, бароз.
Фарсоидан--талаф кардан, поймол кардан, нобуд намудан.
Фарочанг--ба даст…
Фарохноӣ--фарохӣ.
Фаррух—зеборўй, хуҷаста, хушбахт.
Фархунда--ҳуш, хуҷаста, некбахт, саодатманд.
Фарғул--ғафлат, тағофул, таъхир, сустӣ, бекорӣ.
Фарҳанг--дониш, ҳикмат, ҳунар, илм, маърифат, маданият.
Фарҷом--анҷом, интиҳо, охир, оқибат, натиҷа, саранҷом,
фоида; хушӣ, мувофиқи, муносибӣ.
Фасеҳ--возеҳ, хушзабон.
Фасона—афсона, ривоят.
Фасоҳат--теззабонӣ, хушгўӣ, забондонӣ, хушзабонӣ.
Фатоӣ--ҷавон, ҷавонмард, карим.
Фаттон--мафтункунанда, иғвогар, шайтон.
Фақр--андўҳ, ҳирс, оз.
Фаҳшгў--ҳарзагў, бадзабон.
Фикрат--хаёл, андеша.
Фиол--кирдорҳо, амалҳо.
Фирдавс--боғ, бўстон, биҳишт.
Фишондан--афшондан, пошидан, ҳаво додан.
Фозил--марди доно, соҳиби илму фазлу ҳунар, донишманд.
Фоиқ--интихобгардида, писандида.
Фосиқ--ношоиста, авбош, бадкирдор, фуҷур.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо