Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тавонгар--бузургвор, тавоно, қодир.
Тавсан--саркаш, гарданкаш; асп.
Тавфиқ--лаёқат, шоистагӣ; қудрат, тавоноӣ; чора, илоҷ.
Тавқ—гарданбанд; шиканҷа.
Тадбир--андеша, ҳақиқати чизеро дарёфтан.
Тазвиҷ--заношўӣ.
Тазъйин--ороиш, зинат.
Такаббур--ғурур, худбинӣ, гарданкашӣ, густохӣ.
Такаллуф--меҳнат, машаққат; беиштиҳо , бехоҳиш.
Талаттуф--меҳрубонӣ, навозиш, дилнавозӣ.
Талофӣ--дарёфт кардани чизе.
Талъат--дидор.
Тамаллуқ--чоплусӣ, хушомадгўӣ, фурўтанӣ.
Таматтуъ--баҳра, суд.
Тамкин--фармонбардорӣ, итоаткорӣ; сабурӣ, пуртоқатӣ;
шавқат, виқор.
Таммоъ--пуртамаъ, сертамаъ, серорзу.
Тамоту--сухани пароканда, бемаънӣ, ҳарза.
Танаъум--зиндагии осуда, зиндагии бонозу неъмат.
Тап--изтироб, беқарорӣ, беоромӣ; ҳарорат.
Тараб--шодмонӣ, шодӣ, сурур, нишот.
Тараҳҳум--раҳм, шафқат, нармдилӣ, меҳрубонӣ.
Тарг—кулоҳе, ки рўзи ҷанг мепўшанд.
Тароват--тозагӣ, тарӣ, тару тозагӣ.
Таррор--айёр, кисабур, роҳзан.
Тарсо--насронӣ.
Татовул--такаббур, ғурур, зулм, ҷабр.
Тафарруҷ--сайр, тамошо, хушҳолӣ.
Тафаххус--даранг намудан, сипас мондан, саросема нашудан.
Тафвиз--супориш, иҷро, боварӣ.
Тафохур--фахр, нозиш.
Тафриқа--ҷудоӣ, ҷудокардашуда.
Тафтан--гарм кардан. (оҳанро).
Тахсис--хосшуда.
Ташт--лаган, табақ.
Таъйид--тақвият, қувватдиҳӣ.
Таън--айбҷўӣ, бадгўӣ; сарзаниш, маломат.
Тағобун--зиёнкорӣ, зиёнкунандагӣ.
Тағофул--ғафлат, бехабарӣ, беилтифотӣ.
Тақарруб--наздикӣ, қаробат, хешӣ.

пешина
аз 331
навбатӣ