Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Сияхчол--чоҳи беобе, ки дар он маҳбусонро нигаҳ медоштанд; чоҳи амиқ, торик.
Собир--сабркунанда, бурдбор, шикебо.
Созгорӣ/созкорӣ--мувофиқат, мутобиқат; мувофиқат дар
корҳо; иттифоқ, тартиб, интизом.
Солеҳ--нек, некўкор, одил, сазовор.
Солор--куҳан, солхўрда; сардор, меҳтар, пешво.
Сомеъ--шунаванда, мутеъ.
Сомон--давлат, сарват, одат, тартиб.
Сонеъ--пешавар, косиб.
Соҳибназар--доно, нуктадон.
Сувар--ҷамъи сурат; суратҳо, аксҳо, тавсирҳо.
Судан--соидан, кўбидан; фарсуда кардан, молидан.
Сукун--оромӣ, роҳат, фароғат; таваққуф.
Суммунбукм--карру гунг.
Суфра--сулфа.
Сутудан--таърифу васф намудан.
Сутур--ҳайвон, чорпо.
Сутўҳ--тарс, хавф, ҳавл, бим, даҳшат.
Сухун—сухан, калом.
Суҳо--номи ситораи хурде.
Суҷуд--саҷда.
Сухтидан/сахтидан--санҷидан, вазн кардан.
Сўг--мусибат, мотам.
Т
Тааб--ранҷ, дард.
Тааддӣ--ситам, ҷабр, зўроварӣ.
Тааммул--андеша, фикр, шубҳа.
Таб--табларза, вараҷа.
Таб(б)--ҳалок, марг.
Табарзад--набот, қанди сафед.
Табла--халта, қутӣ.
Табоеъ--феълу хўйҳо.
Таваққул--ба Худо такя ва эътимод кардан.
Таваққуъ--чашмдошт, умед, интизор.
Таваҳҳум--хаёл, гумон, тасаввур, орзу.
Тавозуъ--фурўтанӣ, фармонбардорӣ, хушхўӣ; меҳмоннавозӣ,
пазироӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо