Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сапедтўмор--коғаз, коғази навишта.
Сара--накў, рост, беайб, холис, пок.
Сарбамуҳр-- нуҳуфта, пўшида, пинҳон.
Сарвар-- бузург, пешво, раҳбар
Сармоя--асл, насаб, қисмат, давлат, сарват.
Сароб--шўразор ё бухори об, ки дар биёбон аз дур ба назари
одам кўл ё дарё менамояд.
Сарпанҷагӣ--зўр, қувват, мушт.
Сарҳанг--сардор, пешрав; лашкар, паҳлавон.
Сафеҳ--нодон, аблаҳ.
Сафо--покӣ, софӣ; равнақ, хушӣ, хуррамӣ.
Сафро--моеи талх; қаҳр, ғазаб, хашм.
Сафҳа--рўй, чеҳра; варақ; сатҳ, кишвар, канора.
Саъб—душвор; кори мушкил.
Сақат--хато, саҳв, ғалат, беаҳамийят.
Сақмуниё--доруи шикам.
Саққо--обкаш, обфурўш, обдиҳанда.
Саҳл—нармӣ, осонӣ.
Саҳмгин--муҳиб, махуф, ҳавлнок.
Саҷийят--табиат, сифат, характер.
Саҷҷода--ҷойнамоз.
Сиёнат--муҳофизат, ҳимоят, нигаҳбонӣ.
Силк--ришта, риштаи марворид; роҳ, тариқ.
Силсила--занҷир, пайвастагии чизе ба чизе, пай дар пай.
Синон--сарнайза, асо.
Сипардан--тамом кардан, ба анҷом расонидан.
Сипаҳбуд--подшоҳ, солор, сардор; соҳиби лашкар, лашкаркаш.
Сипеҳр--осмон, ҷаҳон, дунё; рўзгор, замон; Офтоб.
Сират--одат, равиш, кирдор, феъл, амал, табиат, хўй; ахлоқ,
одоб, хислат.
Сириштан--хамир кардан, омехтан.
Сиришк--қатра, ашк.
Сиришт--хўй, табиат.
Ситезидан--муноқиша кардан, хусумат кардан, саркаш шудан.
Ситеҳидан—ситеза кардан, муноқиша намудан, баҳс кардан.
Ситоиш--мадҳ, таҳсин, сано, ташаккур.
Ситонидан--гирифтан, рабудан.
Сифла-- фурўмоя, нокас, бахил, лаин, ҳасуд.
Сияр--сиратҳо, равишҳо, корҳо; хубсияр--накўкирдор.

пешина
аз 331
навбатӣ