Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Рашт--бисёр хушк ва тезшикан; ҳар чизе, ки аз ҳам фурў резад; афтидани хоку гаҷи девор.
Раъй--ақида, тадбир; ақл, фикр; машварат, маслиҳат; илму
дониш; хаёл, тасвир, андеша.
Раҳнамун--далел, ҳодӣ, раҳнишондиҳанда, роҳбар.
Рев--фиреб, макр, ҳила.
Риёзат--ранҷ, заҳмат, парҳезкорӣ; тарбият.
Риёӣ--маккор, ҳилагар.
Ринд--марди зирак, ҳушёр, бебок; бодапараст, авбош;
шаҳватпараст; густох.
Род--карим, ҷавонмард: диловар; донишманд.
Рой--роҳ, тариқ; ақл, фикр, андеша; машварат; тааммул; тадбир, ақида.
Ройгон-- ҳар чизи муфт, ҳар чизе, ки бе меҳнат ба даст медарояд; ҳар чизи абас.
Роиҷ--шубон, чўпон.
Ромиш--роҳат, осудагӣ, фароғат, айш, хушӣ, сурудгўӣ.
Румуз-- рамзҳо, муаммоҳо, нуҳуфтаҳо; розҳо, асрор.
Рутаб-- хурмои тар.
Рўзгор-- олам, дунё; замон, аср, вақт, фурсат, мавқеъ.
Рўйинатан--дағал, бешарм, беҳаё.
С
Сабур—собит, устувор, сабркунанда.
Сабўҳӣ--шароби бомдодӣ.
Сабҳа/субҳа--тасбеҳ.
Сад(д)—мониъа, мамониат; девор; садди роҳ.
Садама--азият, озор, осеб.
Сазидан--сазовор будан, шоистан, муносиб шудан, лоиқ гаштан.
Сазо--ҷазо, мукофоти бадӣ; азоб; муносиб, лоиқ, мувофиқ,
шоиста.
Сайф--тобистон, гармӣ; шамшер.
Салим--беайб, солим, мувофиқ, ҳуш.
Салита--зани ғавғоӣ; фитнаангез, забондароз.
Салобат--сахтӣ, устуворӣ; қувват, зўроварӣ.
Салоҳ--бехатарӣ, хубӣ.
Салсабил--номи чашмаи афсонавӣ дар биҳишт.
Самандар--номи ҷонвари хурофотие, ки дар оташ намесўхта
бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо