Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Омўхтани сад забонаш осон гардад.


Ҳар ки сухан бар сухане зам кунад,
Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад.


Он чи захми забон кунад бо ман,
Захми шамшери ҷонситон накунад.


Теғ аст забон. кашида ҳамвор,
З-ин теғи кашида сар нигаҳ дор!


Забони покро, ҳайф аст бисёр,
Ки аз лафзи дурўғ олуда созӣ.


Беҳ аз некў сухан чизе наёбӣ,
Ки аз доно барӣ бар расми пора.


Фасона гашту куҳан шуд ҳадиси Искандар,
Сухан нав ор, ки навро ҳаловатест дигар.


Ҳар сухане, ки аз фикр холист, лағв аст ва ҳар назаре,
ки аз ибрат холист, лаҳв аст.


Доно ба иморати сухан машғул аст, нодон ба иморати
бадан.


Ҳеч гавҳаре зеботар аз сухани некў натавонад буд.


Захми синон бар тан асту захми сухан бар ҷон.


Зи ҳарфи ҳақ нашавад ранҷа марди донишвар.


Он чи дар дил аст, бар забон ояд.


Калтак ба гўшт расад, сухан ба устухон.

пешина
аз 331
навбатӣ