Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Аз захми сухан захми табар беҳ.
Сухан гувоҳи ҳоли гўянда аст.
Сухан оинаи марди сухангўй аст.
Забон дар даҳон посбони сар аст.
Ҳарфи мард зинати мард аст.
Забон тарҷумони дил аст.
Нест захми забон дар ҷаҳон салоҳпазир.
Ҷон азиз аст, валекин ба сухан ҷон нарасад.
На ҳар ки ҳаст сухангўй, ҳам сухандон аст.
Сухани рост тавон донист аз лафзи дурўғ.
Гавҳари ҳар кас аз сухани ў пайдо шавад.
Дар сухан комил бошу дар амал омил.
Аҳмақ риш орад, оқил–сухан.
Ҳарф мемонаду вақт намемонад.
Сухан–нардбони раҳ.
Одамӣ аз забони худ ба болост.
Ошро намак, одамро сухан.
Мардумро ба гуфтор шиносанд.
Сухан шунидан бехи давлат аст.
Забон дигару дил дигар аст.
- ИШҚУ МУҲАББАТ
Бе ишқ зиндагӣ маҳол аст.
Афлотун
То кай нолӣ зи ишқ, то кай нолӣ?
Суд надорад гиристан, чӣ сиголӣ?
Абўбакри Хусравӣ
Ошиқ набувад зи айби маъшуқ огоҳ.
Абулҳасани Фаррухӣ
Набошад ишқро ҷуз ишқ дармон,
Нашояд кард сандон ҷуз ба сандон.
Фахриддини Гургонӣ
Ба гетӣ ошиқӣ беғам набошад,
Хушию ошиқӣ бо ҳам набошад.
Фахриддини Гургонӣ
Напайванданд бо ҳам меҳру кина,
Чу кин оҳан бувад, меҳр обгина.
Фахриддини Гургонӣ
Нагунҷад дар бари ҳам меҳру кина.
Фахриддини Гургонӣ
Набояд ишқро ҷуз ишқ дигар.
Фахриддини Гургонӣ
Диле, к-аз меҳр бошад бешикебо,
На аз гармо битарсад, на зи сармо.
Фахриддини Гургонӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё