Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Забон аз булбул омад, гўш аз гул,
Бибин айши гулу фарёди булбул!
Бадриддини Ҳилолӣ
Намеояд зи шамшер, он чи аз теғи забон ояд.
Соиби Табрезӣ
Ба забон захм касе наёзорӣ,
Ки забонзахм мекунад корӣ.
Гар ба рўи касе занӣ сад мушт,
Беҳ, ки гўеш як ҳадиси дурушт.
Камолиддини Биноӣ
Баски халқ аз забон зиён карданд,
Ҳама сар дар сари забон карданд.
Камолиддини Биноӣ
Ҳаст теғи забон зи теғ батар,
К-ин хурад бар тан, он хурад ба ҷигар.
Мактабии Шерозӣ
Ҳар сухансанҷе, ки хоҳад сайди маъниҳо кунад,
Чун забон мебояд аввал хилвате пайдо кунад.
Абдулқодири Бедил
Чашме, ки надорад назаре, ҳалқаи дом аст,
Ҳар лаб, ки сухансанҷ набошад, лаби бом аст.
Абдулқодири Бедил
Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.
Абдулқодири Бедил
Ҳар сухан, ки аз сари ҳикмат нест, лаҳву зиллат аст.
«Таърихи гузида»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё