Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Чу беҳ гаштӣ, табиб аз худ маёзор,
Ки беморӣ тавон будан дигар бор!
Саъдии Шерозӣ
Макун намоз бар он ҳеч кас, ки ҳеҷ накард,
Ки умр дар сари таҳсили мол карду нах(в)ард.
Саъдии Шерозӣ
Ташнагонро намояд андар хоб
Ҳама олам ба чашм чашмаи об.
Саъдии Шерозӣ
Тавон нон хўрд, агар дандон набошад,
Мусибат он бувад, ки нон набошад.
Саъдии Шерозӣ
Мурғ ҷое равад, ки чина бувад,
На ба ҷое равад, ки чӣ набувад.
Саъдии Шерозӣ
Барандоз бехе, ки хор оварад,
Дарахте бипарвар, ки бор оварад!
Саъдии Шерозӣ
Хишти аввал чу ниҳад меъмор каҷ,
То Сурайё меравад девор каҷ.
Саъдии Шерозӣ
Хуфта хабар надорад сар дар канори ҷонон,
К-ин шаб дароз бошад дар чашми посбонон.
Саъдии Шерозӣ
Гўяндаро чӣ ғам, ки насиҳат қабул нест,
Гар нома рад кунанд, гуноҳи расул нест.
Саъдии Шерозӣ
Ту пок бошу мадор, эй бародар, аз кас бок,
Зананд ҷомаи нопок козурон бар санг.
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо