Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Оҳанеро, ки мўриёна бихўрд,
Натавон бурд аз ў ба сайқал занг.
Саъдии Шерозӣ
Агар жола ҳар қатрае дур шудӣ,
Чу ҳармуҳра бозор аз ў пур шудӣ.
Саъдии Шерозӣ
Обгина ҳама ҷо ёбӣ, аз он қадраш нест,
Лаъл душвор ба даст ояд, аз он аст азиз.
Саъдии Шерозӣ
Ту чӣ армуғоне орӣ, ки ба дўстон фиристӣ,
Чӣ аз он беҳ армуғоне, ки ту хештан биёӣ?!
Саъдии Шерозӣ
Уфтодаст дар ҷаҳон бисёр
Бетамиз арҷманду оқил хор.
Саъдии Шерозӣ
Надонад он, ки даровард дўстон аз пой,
Ки бехилоф биҷунбанд душманон аз ҷой.
Саъдии Шерозӣ
Дидем басе, об зи сарчашмаи хурд,
Чун бештар омад, шутуру бор бибурд.
Саъдии Шерозӣ
Надорад касе бо ту ногуфта кор,
Валекин чу гуфтӣ, далелаш биёр!
Саъдии Шерозӣ
Сайёд на ҳар бор шикоре бибарад,
Афтад, ки яке рўз палангаш бидарад.
Саъдии Шерозӣ
Чӣ хабар дорад аз пиёда савор,
Ў ҳаме меравад, ту метозӣ.
Саъдии Шерозӣ
Паланге, ки гардан кашад бар вуҳуш,
Ба дом афтад аз баҳри хўрдан чу муш.
Саъдии Шерозӣ
Чӣ хуш бувад, ду дил орому дастдаргардан
Ба ҳам нишастану ҳалвои оштӣ хўрдан.
Саъдии Шерозӣ
Ғаввос агар андеша кунад коми наҳанг,
Ҳаргиз накунад дурри гаронмоя ба чанг.
Саъдии Шерозӣ
Ҳосили умри талафкардаи айёму ба лаҳв
Гузаронида ба ҷуз ҳайфу пушаймонӣ нест.
Саъдии Шерозӣ
Онро, ки ҷой нест, ҳама шаҳр ҷои ўст,
Дарвеш, ҳар куҷо, ки шаб ояд, сарои ўст.
Саъдии Шерозӣ
Тани зиндадил хуфта дар зери гил
Беҳ аз одами зиндаи мурдадил
Саъдии Шерозӣ
Гар дар ҳама чоҳ оби ҳайвон будӣ,
Дарёфтанаш бар ҳама осон будӣ.
Саъдии Шерозӣ
Ҳар ки гўяд калоғ чун боз аст,
Нашнавандаш, ки дидаҳо боз аст.
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо