Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Агар мушки холис надорӣ, магўй,
Вагар ҳаст, худ фош гардад ба бўй.
Саъдии Шерозӣ

Агар дунё набошад, дардмандем,
Вагар бошад, ба меҳраш пойбандем.
Саъдии Шерозӣ

Кас наёмўхт илми тир аз ман,
Ки маро оқибат нишона накард.
Саъдии Шерозӣ
Мискин хар агарчи бетамиз аст,
Чун бор ҳамебарад азиз аст.
Саъдии Шерозӣ

Абр агар оби зиндагӣ борад,
Ҳаргиз аз шохи бед бар нахурӣ.
Саъдии Шерозӣ

Тавон ба ҳалқ фурў бурдан устухони дурушт,
Вале шикам бидарад, чун бигирад андар ноф.
Саъдии Шерозӣ

Каждумро гуфтанд: «Чаро ба зимистон берун наоӣ?»
Гуфт: «Ба тобистон чӣ ҳурмат дорам, ки ба зимистон низ биёям?!».
Саъдии Шерозӣ

Аз подоши он эмин мабош, ки пайкон аз ҷароҳат бадар ояду озор дар дил бимонад.
Саъдии Шерозӣ

Агар ҷаври шикам набудӣ, ҳеҷ мурғе дар доми сайёд наяфтодӣ, балки сайёд худ дом наниҳодӣ.
Саъдии Шерозӣ

Луқмонро гуфтанд: «Ҳикматро аз кӣ омўхтӣ?» Гуфт
«Аз нобиноён, ки то ҷое набинанд, пой наниҳанд».
Саъдии Шерозӣ

пешина
аз 331
навбатӣ